Афзоиши шумори қитъаҳои интихоботӣ дар интихоботи парлумонӣ

Мутобиқи дастури Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон, ки моҳи майи соли ҷорӣ тасдиқ шудааст, комиссияҳои интихоботии қитъавӣ оид ба интихоби вакилони палатаи поёнии парлумон на камтар аз 45 рӯз то интихоботи таъиншуда ташкил карда мешаванд. Тавре роҳбари дастгоҳи КМИР ҶТ Абдуманнон Додоев хабар дод, қитъаҳои интихоботӣ оид ба баргузории интихоби вакилон ба палатаи […]

Аваз Юлдошев



Мутобиқи дастури Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон, ки моҳи майи соли ҷорӣ тасдиқ шудааст, комиссияҳои интихоботии қитъавӣ оид ба интихоби вакилони палатаи поёнии парлумон на камтар аз 45 рӯз то интихоботи таъиншуда ташкил карда мешаванд.

Тавре роҳбари дастгоҳи КМИР ҶТ Абдуманнон Додоев хабар дод, қитъаҳои интихоботӣ оид ба баргузории интихоби вакилон ба палатаи поён парлумон (1-уми март) аз ҷониби комиссияҳои интихоботии ҳавзавӣ нимаи аввали моҳи январи соли 2015 таъсис дода мешаванд.

«Тибқи ҳисобу китоби пешакӣ, шумори қитъаҳои интихоботӣ дар саросари ҷумҳурӣ аз шумори қитъаҳо дар интихоботи президентии Тоҷикистон моҳи ноябри соли 2013 зиёдтар хоҳад буд», – қайд кард Додозода.

Ӯ таъкид дошт, ки бино ба маълумоти КМИР, дар саросари кишвар ҳудуди 3,5 ҳазор ва дар кишварҳои хориҷӣ наздики 40 қитъаҳои интихоботӣ таъсис дода мешаванд. «Зиёд шудани шумори қитъаҳои интихоботӣ ҳамчунин ба афзоиши шумори шаҳрвандони дорои ҳуқуқи раъйдиҳӣ низ вобаста аст», – гуфт намояндаи КМИР.

Қобили зикр аст, ки дар интихоботи президентии моҳи ноябри соли гузашта дар Тоҷикистон 3158 қитъаҳои интихоботӣ ташкил гардида буданд. Дар 27 кишвари хориҷӣ 61 қитъа, аз ҷумла дар қаламрави Русия 24 қитъаи интихоботӣ боз гардида буд. Дар интихоботи парлумонии қарибулвуқӯъ шумори қитъахои интихоботӣ дар қаламрави Русия то 3 адад кам карда шуд ва ин ҳам дар ҳолест, ки айни замон дар ин кишвар то 1,5 млн. нафар шаҳрвандони Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.