Азнавсозии шоҳроҳи Айнӣ – Панҷакент бояд дар муҳлати пешбинишуда ба итмом расад

Тӯли се сол аст, ки мутахассисони ширкати роҳу пулсозии «Бейк-Син»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин дар ҳамдастӣ бо машваратчиёни Олмон дар тадбиқи лоиҳаи роҳи мошингарди Айнӣ – Панҷакент фаъолияти муштарак доранд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, барои таҷдиду навсозии ин роҳ 140 миллион доллари амрикоӣ ҷудо гардидааст. Аз маблағи ҷудошуда 100 миллиони онро гранти Бонки Осиёии рушд […]

ASIA-Plus



Тӯли се сол аст, ки мутахассисони ширкати роҳу пулсозии «Бейк-Син»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин дар ҳамдастӣ бо машваратчиёни Олмон дар тадбиқи лоиҳаи роҳи мошингарди Айнӣ – Панҷакент фаъолияти муштарак доранд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, барои таҷдиду навсозии ин роҳ 140 миллион доллари амрикоӣ ҷудо гардидааст. Аз маблағи ҷудошуда 100 миллиони онро гранти Бонки Осиёии рушд ташкил медиҳад. Роҳи Айнӣ – Панҷакент Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз тариқи шаҳри Панҷакент пайваст менамояд.

Имрӯзҳо дар ин роҳи 140 километр дарозидошта корҳои ҳамворкунӣ ба итмом расида, мумфаршкунии он идома доранд. Тибқи нақша бояд, ки корҳои мумхобонӣ дар ин роҳ то сарҳади ҷумҳурии ҳамсоя ба анҷом расанд. Роҳи мошингард аз чор хати ҳаракат иборат буда, дар асоси муқаррароти сатҳи байналмиллалӣ татбиқ мешавад.

Корҳо дар ин мавзеъ дар ду баст ба роҳ монда шудаанд. Дар айни ҳол мумфарш намудани роҳ дар километри 92 ва 95-и маркази шаҳри Панҷакент идома дошта, ҳар амалиёте, ки дар ин самт анҷом дода мешавад, аз ҷониби мутахассисони Маркази тадбиқи лоиҳаи роҳ дур намемонад.

Дар басти шабона 190 техникаю мошинолоти роҳсозии муосир ба кор сафарбар мешавад. 114 километр роҳи асосӣ ва ҳудуди 60 километр роҳҳои маҳаллие, ки солҳо боз бар асари офатҳои табиӣ корношоям гардида буданд, дар давоми солҳои охир навсозӣ гардида, роҳҳои маҳаллии ҳудуди шаҳри Панҷакент ва ноҳияи Айнӣ таъмир мегарданд. Аз аввали кор дар ин ҷо 368 нафар коргару мутахассис дар қитъаҳои гуногуни роҳ ба кор ҷалб шуд.

Корҳои сохтмонӣ дар роҳи Айнӣ-Панҷакент соли 2012 оғоз гардида, дар баробари корҳои бунёдкорӣ ҳаракати нақлиёт баста нашудааст. Роҳи мошингарди  Айнӣ- Панҷакент бо паҳноии 12-15 метр идома карда, паҳноии он дар шаҳри Панҷакент ба 20 метр расонида шудааст, ки ба рафтуомади ҳама намуди нақлиёти мусофирбару боркаш мусоидат мекунад. Дар айни замон дар километри 95-уми роҳ мутахассисону коргарон қубурҳои обпарторо насб карда истодаанд, ки он барои эмин нигоҳ доштани роҳ аз офатҳои табиӣ пешбинӣ шудааст.

То ба имрӯз 69 дарсади маблағҳои пешбинигардида аз худ шуда, вусъати корҳои роҳсозӣ тибқи лоиҳа дар муҳлати муайянгардида бояд ба анҷом расонида шавад. Тибқи нақша бояд дар ин лоиҳа 31 пул бо масофаи умумии 900 метр ва чароғон намудани 41 километр роҳҳои маҳаллии аҳолинишин тибқи лоиҳа амалӣ шавад ва ҳоло 38 дарсади корҳои пулсозӣ анҷом ёфтаанд. Ҳамчунин то ба имрӯз 92 дарсади корҳои сангу шағал, 90 дарсад корҳои васеъкунии ҷода ва инчунин 90 дарсади қирпӯшкунии роҳ дар ҳудуди шоҳроҳи Панҷакент – Айнӣ ба анҷом расидаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.