Оғози парвариши гулҳои ороишӣ дар гармхонаҳои Хуҷанд

Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой  Аҳмадзода ба муассисаи кабудизоркунии шаҳри Хуҷанд омада, бо корҳои  парвариши гулҳои ороишӣ харидории тухмии онҳо ва захира намудани ниҳолҳои сояафкан ошно гардид. Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории Хуҷанд, ҳоло тибқи дастури раиси шаҳр аз оғози моҳи декабр парвариши гулҳои орошӣ ва тухмии онҳо дар гармхонаҳои муассисаҳои кабудизоркунӣ ва гулпарварии […]

ASIA-Plus



Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой  Аҳмадзода ба муассисаи кабудизоркунии шаҳри Хуҷанд омада, бо корҳои  парвариши гулҳои ороишӣ харидории тухмии онҳо ва захира намудани ниҳолҳои сояафкан ошно гардид.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории Хуҷанд, ҳоло тибқи дастури раиси шаҳр аз оғози моҳи декабр парвариши гулҳои орошӣ ва тухмии онҳо дар гармхонаҳои муассисаҳои кабудизоркунӣ ва гулпарварии маркази вилоят шурӯъ гаштааст.

Бо ин мақсад дар муассисаи кабудизоркунӣ ва гулпарварии шаҳр 5 намуди гулҳо аз қабили садбаргҳои гуногунранг, мехчагул, гули бунафша ва ғайра ба миқдори умумии 5 ҳазор дона парвариш карда мешаванд.

Ҳамчунин раиси шаҳри Хуҷанд аз гармхонаҳои муассисаи хусусии «Гулафшон» дидан намуда, аз рафти корҳои парвариши гулҳои ин коргоҳ изҳори қаноатмандӣ намуд. Кормандони муассисаи номбурда 25 намуди гулро ба миқдори умумии 350 ҳазор дона, барои гулпӯш намудани кӯчаю хиёбонҳои маркази вилоят дар фасли баҳори соли оянда омода намуда истодаанд.

Лозим ба ёдоварист, ки тибқи нақша соли оянда мавсими гулу ниҳолшинонӣ дар шаҳри Хуҷанд зиёда аз 1 миллион гулҳои орошии лола ва садбарг ва 10 ҳазор бех ниҳолҳои сояафкану мевадиҳанда шинонда хоҳад шуд. Барои иҷроиши нақшаи мазкур корхонаю муассисаҳо фаъолони маҳалла низ иштирок хоҳанд кард.

Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода таъкид намуд, ки баъди сафари кории раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ба Ҷумҳурии Эрон  аз ин кишвар мутахассисони соҳаи гулпарварӣ ва ороишӣ гулҳо даъват шудаанд, ки тайи чанд рӯзи охир бо гулправарони шаҳр ҳамкориро оғоз намуданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.