Иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд

Дар маркази маъмурии вилояти Суғд  иҷлосияи нуздаҳуми ғайринавбатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд (даъвати IV) баргузор шуд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории Хуҷанд, ба кори иҷлосия раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ҳусни оғоз бахшида, иттилоъ дод, ки ба иҷлосия роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту муассисаҳои шаҳрӣ, […]

ASIA-Plus



Дар маркази маъмурии вилояти Суғд  иҷлосияи нуздаҳуми ғайринавбатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд (даъвати IV) баргузор шуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории Хуҷанд, ба кори иҷлосия раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ҳусни оғоз бахшида, иттилоъ дод, ки ба иҷлосия роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту муассисаҳои шаҳрӣ, мактабҳои миёнаи махсус, раисони кумитаи маҳаллаҳо, сохторҳои корхонаи воҳиди давлатии коммуналии «Сарраёсати ободонӣ ва хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и шаҳр, намояндагони воситаҳои ахбори умум даъват шудаанд ва дар толор ҳозиранд.

Дар иҷлосия масъалаи таъин намудани интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати панҷум баррасӣ шуд. Ҳамчунин масоили ташкили комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд ва миқдори ҳавзаҳои ҳудудии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд низ мавриди муҳокима қарор гирифт.

Мутобиқи моддаи 7-ми Қонуни ҶТ «Дар бораи интихоботи вакилон ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» ба Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳр, ноҳия на бештар аз 40 ҳавзаи интихоботӣ ташкил карда мешавад. Аз ҳар ҳавзаи интихоботӣ як вакил ба Маҷлиси дахлдори вакилони халқ интихоб карда мешавад. Миқдори ҳавзаҳои интихоботиро барои интихоботи Маҷлисҳои маҳаллӣ вакилони халқ ба ҳадди меъёри муқарраркардаи ҳамин Қонун Маҷлиси дахлдор бо назардошти шумораи интихобкунандагон, ҳудуд ва шароити дигари маҳаллӣ муқаррар менамояд. Оид ба масъалаи мазкур лоиҳаи қарор муҳокима ва Қарори дахлдор қабул гардид.

Раҷаббой Аҳмадзода дар фароварди иҷлосия ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор намудани интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ дар шаҳри Хуҷанд ва бо мақсади таъмини омодагии ҷиддӣ ба ин маъракаи муҳими сиёсӣ ба шахсони масъул вазифаҳои мушаххас дод. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.