Article 19 ҳукумати Тоҷикистонро ба бозбинии қонун дар бораи ВАО даъват мекунад

– Созмони байнулмилалии Article 19 аз ҳукумати Тоҷикистон даъват кард, ки қонун «Дар бораи матбуоти давраӣ ва дигар ВАО»-ро мавриди бозбинӣ қарор дода, онро ба меъёрҳои байнулмилалии озодии изҳори андеша мутобиқ намояд, – иттилоъ медиҳад Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ). Дар гузориши таҳлилии интишоршудаи  Article 19 «Тоҷикистон: Қонун дар бораи ВАО» дар […]

ASIA-Plus



– Созмони байнулмилалии Article 19 аз ҳукумати Тоҷикистон даъват кард, ки қонун «Дар бораи матбуоти давраӣ ва дигар ВАО»-ро мавриди бозбинӣ қарор дода, онро ба меъёрҳои байнулмилалии озодии изҳори андеша мутобиқ намояд, – иттилоъ медиҳад Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ).

Дар

гузориши таҳлилии

интишоршудаи  Article 19 «Тоҷикистон: Қонун дар бораи ВАО» дар ин робита зикр мегардад, ки қонун дар бораи ВАО-и дар Тоҷикистон соли 2013 қабулшуда аз як қатор муқаррароте иборат аст, ки ба меъёрҳои байнулмилалии озодии баён мухолифанд. Танзими расмиёти бақайдгирии ВАО, номгӯи маҳдудиятҳо, ҳуқуқ ба посух ва раддия, дастрасӣ ба маълумоти давлатӣ, ҳимояи маълумоти махфӣ, бақайдгирии журналистон ва ВАО-и хориҷӣ ва уҳдадориҳои рӯзноманигорон  аз ҷумлаи чунин муқаррарот унвон шудаанд.

«Таҳлили мазкур дар доираи амалисозии тарҳи минтақавии «Ҳимоят аз озодии баён дар Осиёи Марказӣ» анҷом шуда, ба саҳмугузорӣ дар муколамаи ҷамъиятӣ оид ба қонунгузории Тоҷикистон дар бахши васоити ахбори умум ва мусоидат ба мутобиқат овардани ин қонунгузорӣ ба меъёрҳои байнулмилалии озодии баён нигаронида шудааст», – чунин мешуморад раиси АМВАОМТ Нуриддин Қаршибоев.

Article 19 созмони байнулмилалии ғайриҳукуматии ҳомии ҳуқуқ мебошад, ки дар ҳамдастӣ бо дигар созмонҳо дар саросари ҷаҳон оид ба ҳимоя ва пешбурди ҳуқуқ ба озодии баён фаъолият мекунад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.