Сармоягузории БАОР ба рушди комплески агросаноатии Тоҷикистон

Date:



Миёни Бонки авруосиёии рушд (БАОР) ва гурӯҳи ширкатҳои «Ғаллаи Суғд» дар доираи муомилот оид ба баргардонидани лизинги молиявӣ созишномаҳо ба имзо расиданд. Зери санади мазкур директори намояндагии БАОР дар Душанбе Рашид Қодиров ва директори генералии ҶДММ «Ғаллаи Суғд» Фарҳод Қурбонов ва ҳамчунин директори корхонаи фаръии ҶДММ «Ғаллаи Суғд» – ҶДММ «Ғаллаи Шимолӣ» Мирзоаббос Охунов имзо гузоштанд.

Аз хадамоти матбуоти намояндагии БАОР ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки ҳадаф аз имзои созишномаҳо маблағгузорӣ ба дастрас намудани таҷҳизоти истеҳсолӣ, анҷоми сохтмони иншооти истеҳсолӣ ва ҳамчунин афзоиши сармояи дар гардиш қарордоштаи ширкат аст. «Ҳаҷми маблағгузорӣ аз ҷониби БАОР ҳудуди 5 млн. доллари ИМА ва муҳлати лизинг 7 солро ташкил медиҳад», – гуфт манбаъ.

Ба иттилои манбаъ, амалисозии лоиҳа ба сохтмони комплекси муосири технологии дорои иқтидори коркарди то 150 тонна гандум дар як шабонарӯз ва роҳандозии истеҳсоли маснӯоти макаронӣ имкон фароҳам меоварад.

Муовини раиси раёсати БАОР Канат Досмуҳаммедов дар ин робита изҳор доштааст, ки гурӯҳи ширкатҳои «Ғаллаи Суғд» барои истеҳсоли орд ва маснӯоти ордӣ гандумро аз истеҳсолкунандагони Қазоқистон харидорӣ мекунад ва тақвияти иқтидори истеҳсолии ширкат ба афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Қазоқистон мусоидат хоҳад кард. «Илова бар ин, зимни амалисозии лоиҳа наздики 76 ҷойи нави корӣ таъсис дода мешавад», – иброз доштааст номбурда.

Гурӯҳи ширкатҳои ҶДММ «Ғаллаи Суғд» яке аз ширкатҳои муваффақ дар бозори гандуми Тоҷикистон аст, ки то 20% ҳиссаи ин бозорро дар ихтиёр дорад. Дар бозори хариду фурӯши гандум аз таҷрибаи 15-сола бархӯрдор буда, дар самти таҳвили орд ба тамоми манотиқи Тоҷикистон муддати 9 сол фаъолият дорад. Оид ба фурӯши орд дорои шабакаи мустақили дистрибютерӣ аст, ки тамоми ҷумҳуриро фаро гирифта, шумори кормандони ширкат 325 нафарро ташкил медиҳад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...