Сармоягузории БАОР ба рушди комплески агросаноатии Тоҷикистон

Миёни Бонки авруосиёии рушд (БАОР) ва гурӯҳи ширкатҳои «Ғаллаи Суғд» дар доираи муомилот оид ба баргардонидани лизинги молиявӣ созишномаҳо ба имзо расиданд. Зери санади мазкур директори намояндагии БАОР дар Душанбе Рашид Қодиров ва директори генералии ҶДММ «Ғаллаи Суғд» Фарҳод Қурбонов ва ҳамчунин директори корхонаи фаръии ҶДММ «Ғаллаи Суғд» – ҶДММ «Ғаллаи Шимолӣ» Мирзоаббос Охунов имзо […]

Пайрав Чоршанбиев



Миёни Бонки авруосиёии рушд (БАОР) ва гурӯҳи ширкатҳои «Ғаллаи Суғд» дар доираи муомилот оид ба баргардонидани лизинги молиявӣ созишномаҳо ба имзо расиданд. Зери санади мазкур директори намояндагии БАОР дар Душанбе Рашид Қодиров ва директори генералии ҶДММ «Ғаллаи Суғд» Фарҳод Қурбонов ва ҳамчунин директори корхонаи фаръии ҶДММ «Ғаллаи Суғд» – ҶДММ «Ғаллаи Шимолӣ» Мирзоаббос Охунов имзо гузоштанд.

Аз хадамоти матбуоти намояндагии БАОР ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки ҳадаф аз имзои созишномаҳо маблағгузорӣ ба дастрас намудани таҷҳизоти истеҳсолӣ, анҷоми сохтмони иншооти истеҳсолӣ ва ҳамчунин афзоиши сармояи дар гардиш қарордоштаи ширкат аст. «Ҳаҷми маблағгузорӣ аз ҷониби БАОР ҳудуди 5 млн. доллари ИМА ва муҳлати лизинг 7 солро ташкил медиҳад», – гуфт манбаъ.

Ба иттилои манбаъ, амалисозии лоиҳа ба сохтмони комплекси муосири технологии дорои иқтидори коркарди то 150 тонна гандум дар як шабонарӯз ва роҳандозии истеҳсоли маснӯоти макаронӣ имкон фароҳам меоварад.

Муовини раиси раёсати БАОР Канат Досмуҳаммедов дар ин робита изҳор доштааст, ки гурӯҳи ширкатҳои «Ғаллаи Суғд» барои истеҳсоли орд ва маснӯоти ордӣ гандумро аз истеҳсолкунандагони Қазоқистон харидорӣ мекунад ва тақвияти иқтидори истеҳсолии ширкат ба афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Қазоқистон мусоидат хоҳад кард. «Илова бар ин, зимни амалисозии лоиҳа наздики 76 ҷойи нави корӣ таъсис дода мешавад», – иброз доштааст номбурда.

Гурӯҳи ширкатҳои ҶДММ «Ғаллаи Суғд» яке аз ширкатҳои муваффақ дар бозори гандуми Тоҷикистон аст, ки то 20% ҳиссаи ин бозорро дар ихтиёр дорад. Дар бозори хариду фурӯши гандум аз таҷрибаи 15-сола бархӯрдор буда, дар самти таҳвили орд ба тамоми манотиқи Тоҷикистон муддати 9 сол фаъолият дорад. Оид ба фурӯши орд дорои шабакаи мустақили дистрибютерӣ аст, ки тамоми ҷумҳуриро фаро гирифта, шумори кормандони ширкат 325 нафарро ташкил медиҳад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.