КМИР: Аҳзоби сиёсӣ бояд дар бораи даромадҳояшон ҳисобот диҳанд

Имрӯз дар Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон бо иштироки роҳбарони аҳзоби сиёсӣ ва аъзои КМИР мизи гирд ҷараён дорад, ки дар он масоили омодагӣ ва иштирок дар интихобот ба палатаи поёнии парлумон баррасӣ мешавад. Зимни суханронӣ дар ин чорабинӣ ёвари президенти Тоҷикистон оид ба масоили ҳуқуқӣ, намояндаи ваколатдори президент дар ҳарду палатаи парлумони […]

Аваз Юлдошев



Имрӯз дар Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон бо иштироки роҳбарони аҳзоби сиёсӣ ва аъзои КМИР мизи гирд ҷараён дорад, ки дар он масоили омодагӣ ва иштирок дар интихобот ба палатаи поёнии парлумон баррасӣ мешавад.

Зимни суханронӣ дар ин чорабинӣ ёвари президенти Тоҷикистон оид ба масоили ҳуқуқӣ, намояндаи ваколатдори президент дар ҳарду палатаи парлумони ҷумҳурӣ Ҷумъа Давлатов изҳор намуд, ки сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни пешниҳоди ҳайати нави КМИР баргузории интихоботи озод, демократӣ ва шаффофро бахусус таъкид намуд.

«Президент ба КМИР Тоҷикистон супориш дод, ки барои ҳамаи номзадҳо ба вакилӣ дар парлумон шароити якхела фароҳам оварда шавад», – қайд кард Давлатов.

Роҳбари дастгоҳи КМИР Тоҷикистон Абдуманнон Додоев ба роҳбарони аҳзоби сиёсӣ талаботи қонунгузорӣ дар бораи ба КМИР пешниҳод намудани санадҳо оид ба сарчашмаҳои даромад ва нақшаи хароҷоти он дар интихоботро хотиррасон кард.

Дар мизи гирд ба раисон ҳизбҳои сиёсӣ масъалаҳои тартиби пешбарии номзадҳо ба вакилӣ, муаррифии барномаҳои пешазинтихоботӣ, тарзи роҳандозии таблиғот ва пешбарии нозирон шарҳу тавзеҳ дода шуданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.