Ошкор шудани як қатор ҷиноятҳои вазнин тариқи муроҷиат ба телефони боварӣ

Дар давоми 11 моҳ ба рақами 221-21-21 (телефони боварӣ)-и вазири корҳои дохилии ҶТ 1033 нафар шаҳрвандон муроҷиат намудаанд, ки 325 нафарашон сокинони пойтахт, 143 нафар истиқоматкунандагони вилояти Хатлон, 105 нафар сокинони вилояти Суғд,3 нафар сокинони ВКМБ, 167 нафар истиқоматкунандагони ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ва дигарон мебошанд. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, дар 428 маврид […]

ASIA-Plus



Дар давоми 11 моҳ ба рақами 221-21-21 (телефони боварӣ)-и вазири корҳои дохилии ҶТ 1033 нафар шаҳрвандон муроҷиат намудаанд, ки 325 нафарашон сокинони пойтахт, 143 нафар истиқоматкунандагони вилояти Хатлон, 105 нафар сокинони вилояти Суғд,3 нафар сокинони ВКМБ, 167 нафар истиқоматкунандагони ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ва дигарон мебошанд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, дар 428 маврид шаҳрвандон дар бораи ҷиноят, ки аз онҳо 9 муроҷиат оиди одамкушӣ, 19 муроҷиат оиди таҷовуз ба номус, 86 муроҷиат оиди дуздӣ, 166 муроҷиат оиди лату кӯб, 88 муроҷиат оиди бар нагардонидани қарз, 26 муроҷиат оиди ситонидани ришва, 7 муроҷиат оиди гардиши ғайриқонунии маводҳои нашъадор, 27 муроҷиат оиди ғайриқонунӣ фурухтани замин мебошад, муроҷиат намудаанд. Дар 210 ҳолат шаҳрвандон дар бораи содиршавии амалҳои маъмурӣ, ки дар 192 ҳолат оиди майдаавбошӣ, дар 3 ҳолат оиди риоя нагардидани тозагӣ, дар 15 ҳолат оиди бедарак гумшавии одамон мебошад, муроҷиат намудаанд.

Гуфта мешавад, мутаасифона на ҳамаи онҳо  тасдиқи худро ёфтаанд. Хушбахтона дар 422 маврид ҳолати дар муроҷиатҳо арзшуда тасдиқи худро ёфтаанд, ки аз онҳо дар 2 маврид оиди одамкушӣ, дар 4 маврид оиди таҷовуз ба номус, дар 14 маврид оиди дуздӣ, дар 63 маврид оиди лату кӯб, дар 39 маврид оиди бар нагардонидани пули қарз, дар 24 маврид оиди ситонидани ришва, дар 1 маврид оиди гардиши ғайриқонунии маводҳои нашъадор ва дар 4 маврид оиди ғайриқонунӣ фурухтани замин мебошад. Аз 210 муроҷиат, ки оиди ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ буданд, дар 137 ҳолат тасдиқи худро ёфтаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Боздошти як хушдоман бо гумони ба марг расонидани келинаш

ВКД мегӯяд, келини ҷавон ба ҷабру зулми хушдоманаш тоб наоварда, худро ба дарёи “Зарафшон” партофта, ҷон бохтааст.

Парвоз миёни Машҳад ва Душанбе бекор шудааст

Қарор буд пас аз ҷанг дар Ҷумҳурии Исломӣ, 24-уми апрел парвоз байни Эрону Тоҷикистон барқарор шавад,

Дар радабандии ҷаҳонии интернети ноқилӣ Тоҷикистон чаҳор зина боло рафт

Ин нишондиҳандаи беҳтарини кишвар тайи панҷ соли ахир аст.

“Монеи издивоҷ бо дӯстдухтарам шуданд”. Нигаронии Омбудсмен аз табъиз дар ҷомеа

Ҳамчунин, ин ниҳод аз табъиз дар зиндону маҳал ҳам гузориш додааст.

Се бонки Тоҷикистон аз рӯйхати таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо хориҷ шуд

Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ки “Спитамен Бонк”, “Душанбе Сити Бонк” ва “Коммерсбонки Тоҷикистон” чӣ гуна аз рӯйхати таҳрим берун шуданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 74

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Содироти барқ аз Тоҷикистон тариқи лоиҳаи “CASA-1000” тобистони соли оянда оғоз мешавад

Корҳои сохтмонии ин тарҳ дар Афғонистон то баҳори соли оянда ба анҷом мерасад.