Интиқоли маблағҳо аз Русия ба Тоҷикистон қариб ба сатҳи соли гузашта баробар аст



Дар зарфи 9 моҳи соли равон ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ аз Русия ба Тоҷикистон тақрибан ба андозаи 1% коҳиш ёфтааст.

Тибқи маълумоти

оморӣ

дар бораи интиқоли маблағҳои фаромарзии Бонки марказии Русия, ки тариқи низоми интиқоли маблағҳо сурат гирифтаанд, давоми моҳҳои январ-сентябри соли 2014 аз Русия ба Тоҷикистон 3 млрд. 16 млн. доллари ИМА ворид шудааст. Дар ҳамин давраи соли гузашта тавассути низоми интиқоли маблағҳои пулӣ аз Русия ба Тоҷикистон 3 млрд. 45 млн. доллари ИМА ворид гардида буд.

Аз рӯи ҳаҷми маблағҳои интиқолёфта аз Русия дар зарфи 9 моҳи соли ҷорӣ, нисбат ба Тоҷикистон танҳо ба Ӯзбекистон бештар маблағ фиристода шудааст, ки он ба 4 млрд. 592 млн. доллари ИМА баробар шудааст. Коҳиши ҳаҷми интиқоли маблағҳо аз Русия ба кишвари ҳамсоя дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 8%-ро ташкил додааст. Давоми 9 моҳи соли гузашта аз Русия ба Ӯзбекистон 4 млрд. 909 млн. доллари ИМА ворид гардида буд.

Дар ҳамин ҳол, соли ҷорӣ ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ аз Русия ба Украина ба таври назаррас (16%) коҳиш ёфтааст. Агар дар зарфи 9 моҳи соли гузашта тариқи низоми интиқоли маблағҳои пулӣ аз Русия ба Украина 2 млрд. 173 млн. доллари ИМА интиқол гардида буд, пас дар ҳамин давраи соли ҷорӣ он то 1 млрд. 802 млн. доллари ИМА коҳиш ёфтааст.

Зимнан зикр мегардад, ки интиқоли маблағҳои пули мазкур аз Русия ба ин кишварҳо тариқи низомҳои интиқоли маблағҳои пулии Anelik, BLIZKO, Contact, InterExpress, UNIStream, Western Union, Колибри, Быстрая Почта, Золотая Корона, ЛИДЕР ва Почта России анҷом дода шудаанд.

spot_imgspot_img

Популярное