Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Шариф Раҳимзода ахири ҳафтаи сипаришуда дар кори ҷаласаи Шӯрои иқтисодиии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Маскав иштирок кард.
Бино ба маълумоти Кумитаи иҷроияи ИДМ, баррасии масъалаҳои умдаи вазъи кунунии иқтисоди кишварҳои узви Иттиҳод ва дурнамои рушди он дар меҳвари кори ҷаласа қарор дошт.
Гуфта мешавад, раҳбарони вазорату идораҳои бахши иқтисоди кишварҳои узви ИДМ доир ба таҳияи Нақшаи амалҳои муштарак барои ҳалли масъалаҳои молӣ ва иқтисодии рушди Иттиҳод ба мувофиқа расида, ҳамчунин маҷмӯи васеи масоили ҳамкориҳои мутақобиларо баррасӣ намуданд.
Зикр мегардад, ки бо назардошти эроду тавсияҳои зимни ҷаласа гуфташуда, лоиҳаи аснод ба баррасии Шӯрои сарони кишварҳои узви ИДМ пешниҳод мешаванд. Ҷаласаи навбатии Шӯрои иқтисодии кишварҳои узви ИДМ 13-уми марти соли оянда дар Маскав баргузор мешавад. Ҳамзамон дар ин рӯз маъмулан баргузории Форуми байнулмилалии иқтисодӣ низ дар назар аст.



