Осеби начандони зиёди ҳавопаймои «Сомон Эйр» дар Красноярск



Ҳавопаймои Боинг 737-300-и ширкати «Сомон Эйр» соати 04-00-и субҳ (24-00-и вақти Маскав) дар майдони ҳавоии Емеляновои шаҳри Красноярск фуруд омада, ғайриинтизор қафо меравад ва дар натиҷа яке аз дастгоҳҳояш осеб дидааст, ки бар асари он бозгашти ҳавопаймо ба Душанбе мутаваққиф шудааст.

Яке аз кормандони прокуратураи нақлиёти ин минтақа ба

РИА Новости

хабар додааст, ки мусофирони хатсайри ҳавоии Краснояркс – Душанбе бинобар сабаби носоз будани таҷҳизоти ҳавопаймо аз Фурудгоҳи байнулмилалии Емелянов парвоз карда наметавонанд.

Ба гуфтаи ӯ, айни замон мусофирон ва ҳайати сарнишинони ҳавопаймо дар фурудгоҳ қарор дошта, аз Душанбе ҳавопаймои эҳтиётӣ сафарбар шудааст, ки қисмҳои эҳтиётии заруриро оварда, сипас ҳавопаймо раҳсипор мешавад.

Бино ба маълумоти

NGS24.ru

аз рӯйи ин далел прокуратураи нақлиёти Енисей масъалаи иҷрои қонунгузорӣ дар бораи бехатарии парвозҳоро мавриди таҳқиқ қарор додааст.

spot_imgspot_img

Популярное