Вохӯрии Қоҳир Расулзода бо нахуствазирони Қазоқистону Афғонистон дар Остона



Дар доираи иштирок дар кори ҷаласаи навбатии нахуствазирони кишврҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар Остона, нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода як қатор мулоқотҳои дуҷониба анҷом дод.

Тавре ба «Азия-Плюс» тариқи телефон аз Остона сармушовири хадамоти матбуоти президенти ҶТ Субҳиддин Муҳиддинов хабар дод, субҳи имрӯз Қоҳир Расулзода бо нахуствазири Қазоқистон Карим Масимов мулоқот карда, дар ҷараёни он масъалаҳои рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи кишварҳо дар бахши иқтисод ва таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаҳои илму фарҳанг баррасӣ шуданд.

«Нахуствазири ҷумҳурӣ имрӯз ҳамчунин бо нахуствазири Афғонистон Абдулло Абдулло низ дидору гуфтушунид карда, дар ҷараёни мулоқот масоили ҳамкориҳои мутақобила дар бахшҳои энергетика, коммуникатсия, нақлиёт, амният ва тиҷорат матраҳ гардиданд», – иброз дошт Муҳиддинов.

Ба гуфтаи ӯ, нимаи дуюми имрӯз нахуствазири Тоҷикистонро дар ҳайати нахуствазирони кишварҳои узви СҲШ президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ба ҳузур мепазирад.

Дар ҷаласаи мазкур дурнамои таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ ва гуманитарӣ миёни кишварҳои узви СҲШ баррасӣ шуда, ҳамчунин тадбирҳои аввалиндараҷа оид ба густариши бештари ҳамкориҳои мутақобила бо назардошти тағйирот дар иқтисоди глобалии минтақа мувофиқа мешаванд.

Аз рӯйи натиҷаҳои ҷаласа баёнияи муштарак ва қарорҳо дар бораи ҷанбаҳои гуногуни фаъолияти СҲШ, аз ҷумла оид ба тасдиқи буҷет барои соли 2015 ва ворид намудани тағйирот ба Қоидаҳои молиявӣ қабул мешаванд. Ҳамчунин имзои санадҳо дар бораи густариши ҳамкорӣ миёни хадамотҳои гумруки созмон омода мешавад.

spot_imgspot_img

Популярное