ҲСТ аз ҳавзаи умумиҷумҳуриявӣ 7 номзад пешбарӣ кард

Дар анҷумани пешазинтихоботии Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон (ҲСТ), ки ахири ҳафтаи гузашта дар Душанбе доир гардид, аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ 7 нафар номзадҳо ба вакилӣ дар палатаи поёнии парлумон пешбарӣ шуданд. Тавре раиси ҲСТ Абдуҳалим Ғаффоров дар ин робита хабар дод, дар садри рӯйхати ҳизбӣ худи ӯ қарор дошта, ба рӯйхат ҳамчунин директори мактаби таҳсилоти умумии […]

Аваз Юлдошев



Дар анҷумани пешазинтихоботии Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон (ҲСТ), ки ахири ҳафтаи гузашта дар Душанбе доир гардид, аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ 7 нафар номзадҳо ба вакилӣ дар палатаи поёнии парлумон пешбарӣ шуданд.

Тавре раиси ҲСТ Абдуҳалим Ғаффоров дар ин робита хабар дод, дар садри рӯйхати ҳизбӣ худи ӯ қарор дошта, ба рӯйхат ҳамчунин директори мактаби таҳсилоти умумии №88-и шаҳри Душанбе Ниёз Ҷумъаев, номзади илмҳои педагогӣ Зариф Наимов, ҳуқуқшинос Мавҷуда Раҷабова, академик Иззатулло Ғаниев, корманди Кумитаи амволи давлатӣ Маъруфхӯҷа Юсуфов ва тоҷир Фаррух Боқиев низ шомиланд.

Ба гуфтаи Ғаффоров, ҲСТ ҳамчунин ният дорад, ки аз ҳавзаҳои интихоботии якмандатӣ низо 10 номзадҳои ҳизбро ба вакилӣ дар палатаи поёнии парлумон пешбарӣ намояд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.