Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҳукумати ҶТ ва созмони байнулмилалии Консалтинг Инжиниринг Сервисес ЛТД барои намояндагони хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияҳои Кӯлоб ва Фархор дар доираи лоиҳаи «Идоракунии экологии замин ва санитарияи воситаҳои зиндагӣ дар деҳот» семинарҳои шиносоӣ барпо карданд.
Дастандаркорони чорабинӣ ба журналистон дар ин робита иттилоъ доданд, ки ҳадаф аз роҳандозии лоиҳаи мазкур мусоидат ба истифодаи пурсамари захираҳои табиӣ тавассути мутобиқгардонӣ ба тағйирёбии иқлим ва риояи меъёрҳои санитарӣ дар истеҳсоли зироати кишоварзӣ аст.
Бино ба гуфти роҳбари лоиҳа Шариф Шарифов, дар лоиҳа баланд бардоштани ҳосилнокии замину боғҳо, сохтмони гармхонахо, парвариши чорвои хушзот ва нигоҳубини байтории онҳо, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ бо раҳёбӣ ба бозор ва ҳамчунин истифодаи оқилонаи захираҳои табиии замин, чарогоҳҳо, поккории шабакаҳои обтаъминкунӣ ва таъсиси корхонаҳои хурди таъмири мошин ва механизмҳо пешбинӣ шудааст.
Зимнан зикр гардид, ки фарқи лоиҳаи мазкур аз лоиҳаҳои ба ин монанд дар ҷумҳурӣ дар он ифода меёбад, ки Консалтинг Инжиниринг Сервисес ЛТД бидуни миёнарав ба деҳқон ба муҳлати 30 моҳ то 7 ҳазор доллари ИМА пешниҳод мекунад. «Шарти асосӣ он аст, ки маҳсулоти парваришёфта аз нигоҳи экологӣ тоза буда, нақшаи тиҷорат ба деҳқон фоидаовар бошад», – афзуд номбурда.



