То 7 ҳазор $ ба деҳқонони ҷануб барои парвариши маҳсулоти тозаи экологӣ

Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҳукумати ҶТ ва созмони байнулмилалии Консалтинг Инжиниринг Сервисес ЛТД  барои намояндагони хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияҳои Кӯлоб ва Фархор дар доираи лоиҳаи «Идоракунии экологии замин ва санитарияи воситаҳои зиндагӣ дар деҳот» семинарҳои шиносоӣ барпо карданд. Дастандаркорони чорабинӣ ба журналистон дар ин робита иттилоъ доданд, ки ҳадаф аз роҳандозии лоиҳаи мазкур мусоидат ба […]

Турко Дикаев



Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҳукумати ҶТ ва созмони байнулмилалии Консалтинг Инжиниринг Сервисес ЛТД  барои намояндагони хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияҳои Кӯлоб ва Фархор дар доираи лоиҳаи «Идоракунии экологии замин ва санитарияи воситаҳои зиндагӣ дар деҳот» семинарҳои шиносоӣ барпо карданд.

Дастандаркорони чорабинӣ ба журналистон дар ин робита иттилоъ доданд, ки ҳадаф аз роҳандозии лоиҳаи мазкур мусоидат ба истифодаи пурсамари захираҳои табиӣ тавассути мутобиқгардонӣ ба тағйирёбии иқлим ва риояи меъёрҳои санитарӣ дар истеҳсоли зироати кишоварзӣ аст.

Бино ба гуфти роҳбари лоиҳа Шариф Шарифов, дар лоиҳа баланд бардоштани ҳосилнокии замину боғҳо, сохтмони гармхонахо, парвариши чорвои хушзот ва нигоҳубини байтории онҳо, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ бо раҳёбӣ ба бозор ва ҳамчунин истифодаи оқилонаи захираҳои табиии замин, чарогоҳҳо, поккории шабакаҳои обтаъминкунӣ ва таъсиси корхонаҳои хурди таъмири мошин ва механизмҳо пешбинӣ шудааст.

Зимнан зикр гардид, ки фарқи лоиҳаи мазкур аз лоиҳаҳои ба ин монанд дар ҷумҳурӣ дар он ифода меёбад, ки Консалтинг Инжиниринг Сервисес ЛТД  бидуни миёнарав ба деҳқон ба муҳлати 30 моҳ то 7 ҳазор доллари ИМА пешниҳод мекунад. «Шарти асосӣ он аст, ки маҳсулоти парваришёфта аз нигоҳи экологӣ тоза буда, нақшаи тиҷорат ба деҳқон фоидаовар бошад», – афзуд номбурда.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.