Анҷоми марҳилаи аввали амалисозии барномаи дастгирии давлатии соҳибкорӣ

Дар маҷлисгоҳи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ (КДСИАД) ҷаласаи навбатии Гуруҳи корӣ оид ба дастгирии бахши хусусӣ баргузор гардид, ки дар кори он намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, созмонҳои байналмилалӣ, бахши хусусӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок доштанд. Бо муаррифӣ дар мавзӯи «Таҳлили татбиқи вазифаҳо оид ба дастгирии соҳибкорӣ» Муовини Раиси КДСИАД Нигина Анварӣ баромад […]

ASIA-Plus



Дар маҷлисгоҳи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ (КДСИАД) ҷаласаи навбатии Гуруҳи корӣ оид ба дастгирии бахши хусусӣ баргузор гардид, ки дар кори он намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, созмонҳои байналмилалӣ, бахши хусусӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок доштанд.

Бо муаррифӣ дар мавзӯи «Таҳлили татбиқи вазифаҳо оид ба дастгирии соҳибкорӣ» Муовини Раиси КДСИАД Нигина Анварӣ баромад кард. Дар ҷараёни муаррифӣ қайд гардид, ки ҳоло марҳилаи аввали сесолаи татбиқи Барномаи дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар давраи солҳои 2012-2020 (минбаъд – Барнома) ба анҷом расид. Таҳлили гузаронидашуда динамикаи мусбии иҷрои вазифаҳои пешбининамудаи барномаро намоиш дод. Дар нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2012-2014 дар доираи панҷ самти асосии дастгирии давлатии соҳибкорӣ 26 тадбир пешбинӣ гардида буд, ки ба ҳар яки онҳо таваҷҷӯҳи зарурӣ зоҳир карда шуд. Таҳлили гузаронидашуда нишон дод, ки 18 тадбир пурра ва 8 тадбир қисман амалӣ гардида, барои пурра амалӣ намудани онҳо иқдомҳои минбаъда андешида мешаванд ва ягон тадбири амалинашуда нест.

Нигина Анварӣ дар мавриди афзалиятҳои марҳилаи дуюми Барнома таваҷҷӯҳи иштирокчиёни ҷаласаи Гурӯҳи кориро ба он ҷалб намуд, ки Ҳукумат ҷиҳати татбиқи марҳилаи дуюми Барнома Нақшаи дахлдори чорабиниҳоро барои солҳои 2015-2017 қабул намудааст. Нақшаи мазкур, бо дарназардошти ҳадафу вазифаҳои Барнома, дастурҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, натиҷаҳои вохӯрии ӯ бо соҳибкорон ва сармоягузорон, инчунин қатъномаи Форуми иқтисодӣ ва сармоягузорӣ «Душанбе – 2014: Соҳибкорӣ – муҳаррики иқтисодиёт» бармеоянд, тартиб дода шудааст. Зикр гардид, ки Гурӯҳи корӣ бояд дар татбиқи бомуваффақияти Нақшаи чорабиниҳои нав саҳми худро гузорад. Дар робита бо ин ба иштирокчиёни ҷаласа лоиҳаи нақшаи кори мавзӯи фаъолияти Гуруҳи корӣ пешниҳод карда шуд, ки тасдиқи он, бо дарназардошти шарҳу эзоҳоти ҳамаи тарафҳои манфиатдор дар ҷаласаи минбаъда дар назар дошта шудааст.

Бо муаррифии «Таҳлили алоқамандии кӯмаки беруна бо Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми Тоҷикистон барои давраи солҳои 2013-3015 (СББСНМТ) дар бахши хусусӣ» менеҷери лоиҳаи Барномаи рушди СММ Вазорати рушди байналмилалии Британияи Кабир (ДИФИД) «Дастгирии ҳамоҳангсозӣ ва мониторинги миллии кӯмаки беруна» Мӯсоев В., баромад карда аз ҷумла қайд намуд, ки солҳои охир тамоюли афзоиши кӯмак ба Бахши хусусӣ ба назар мерасад. Зимнан саҳми бахши мазкур дар ҳаҷми умумии кӯмак нисбатан паст боқӣ мемонад. Ҳамин тариқ, кӯмак ба бахши «Беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, дастгирии бахши хусусӣ ва соҳибкорӣ» дар доираи СББСНМТ дар соли 2013 5,4% ҳаҷми умумии солонаи кӯмакро ба ин бахш ташкил дод. Мӯсоев В., шарҳи ҳоли муфассали корҳоро дар бахши мазкур пешкаш намуда, ба муҳокимаи Гуруҳи корӣ тавсияҳоро дар мавриди афзун гардонидани алоқамандии кумаки беруна бо тадбирҳои СББСНМТ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва дастгирии бахши хусусӣ, Барномаи дастгирии давлатии соҳибкорӣ ва ба афзалиятҳои стратегӣ беҳтар равона сохтани кумак пешниҳод намуд.

Масъалаҳои дар муаррифиҳо ба миён гузошташуда мавриди баррасии фаъолонаи намояндагони бахши хусусӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва тарафҳои дигари манфиатдор қарор дода шуданд. Аз ҷумла дар ҷаласа бо саволу пешниҳодот Боб Леверингтон – сарвари офиси Вазорати рушди байналмилалии Британияи Кабир дар Осиёи Марказӣ, Си. Си. Ю – сарвари намояндагии БОР дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нурматова М. – иҷрокунандаи вазифаи Менеҷери Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ (IFC) дар кишвар, Мирзоахмедов Ф. – Намояндаи Ҷамъияти ҳамкории байналмилалии Германия (GIZ), М. ӯлҷабоева – раиси Раёсати Ассотсиатсияи миллии соҳибкории хурду миёна О. Ҳакимов – Директори иҷроияи ҶММ «Макколи» ва дигарон баромад карданд.

Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Қодири Қосим қайд кард, ки яке аз вазифаҳои муҳими Гурӯҳи корӣ дар ҳамоҳангсозии саъю талошҳои ҳамаи тарафҳои манфиатдор оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва дастгирии соҳибкорӣ мебошад.

У қайд намуд, ки соли 2015 соли охирини татбиқи Стратегияи мили рушд, Ҳадафҳои рушди ҳазорсола ва Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми Тоҷикистон мебошад ва ҳамаи иштирокчиёни ин ҷараён натиҷаи саҳмгузории худро дар татбиқи онҳо ҷамъбаст хоҳанд кард. Дар ин робита тавсияҳо, роҳу механизмҳои таҳлили дар муаррифиҳо пешниҳодгардида аҳамияти хоса пайдо мекунанд. Ба ѓайр аз ин, ӯ қайд кард, ки ба инобат гирифтани таҷрибаву сабақҳои марҳилаи сипаришудаи ҳамкорӣ ҳангоми таҳияи пешниҳодот дар бораи ташаккули афзалиятҳо ва ҳадафу вазифаҳо оид ба дастгирии бахши хусусӣ дар санадҳои стратегии дарозмуддату миёнамӯҳлат дар давраи пас аз соли 2015 хеле муҳим аст.

Дар ташкили фаъолият, омодагӣ ва баргузор намудани ҷаласаҳои Гурӯҳи корӣ оид ба дастгирии бахши хусусӣ лоиҳаи Барномаи рушди СММ ва Вазорати рушди байналмилалии Британияи Кабир (ДИФИД) «Дастгирии ҳамоҳангсозии самараноки миллӣ ва мониторинги кӯмаки беруна» мусоидат мекунад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.