Раиси ИЖТ: Ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон аз саҳифаҳои нашрияҳо оғоз шуд

Узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҷумҳурӣ, раиси Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон (ИЖТ) Акбаралӣ Сатторов аз намояндагони ВАО даъват намуд, ки дар шароити зуҳури тамоилҳои мушкил дар ҷаҳони муосир, зимни инъикоси ҷараёни омодагӣ ва баргузории интихоботи парлумонии қарибулвуқӯъ дар Тоҷикистон басо эҳтиёткор бошанд. Дар ҳамин ҳол, А.Сатторов хотиррасон кард, ки ҷанги шаҳрвандии аввали солҳои 90-уми қарни […]

Пайрав Чоршанбиев



Узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҷумҳурӣ, раиси Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон (ИЖТ) Акбаралӣ Сатторов аз намояндагони ВАО даъват намуд, ки дар шароити зуҳури тамоилҳои мушкил дар ҷаҳони муосир, зимни инъикоси ҷараёни омодагӣ ва баргузории интихоботи парлумонии қарибулвуқӯъ дар Тоҷикистон басо эҳтиёткор бошанд.

Дар ҳамин ҳол, А.Сатторов хотиррасон кард, ки ҷанги шаҳрвандии аввали солҳои 90-уми қарни гузашта дар Тоҷикистон маҳз аз саҳифаҳои нашрияҳои он замон шурӯъ шуд.

«Дар ҷараёни омодагӣ ва баргузории интихобот сарфи назар аз ҷонибдори кадоме аз аҳзоб ё номзади ҷудогона будан, шумо қабл аз ҳама бояд манфиатҳои миллиро ба инобат бигиред», – гуфт раиси ИЖТ зимни суханронӣ дар мизи гирд бахшида ба нақши ВАО дар интихоботи қарибулвуқӯъи парлумонӣ.

Сатторов бар ин назар аст, ки ҷараёни омодагӣ ва баргузории интихоб як давраи хеле ҳассос аст ва «дар бисёре аз кишварҳо ҷангҳо маҳз аз рӯйи натоиҷи интихобот сурат гирифтаанд».

«Дар ҷаҳони муосир моро хатарҳои зиёде иҳота кардаанд ва қабл аз ба маърази ҷомеа пешниҳод шудани мавод, мо бояд ҳар қадами худро дониста гузорему ҳар суханамонро санҷида бигӯем», – афзуд номбурда.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.