Пагоҳ интиқоли об ба сокинони Қӯрғонтеппа қатъ мешавад

Пагоҳ, 17-уми декабр интиқоли об ба сокинони маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Қӯрғонтеппа комилан қатъ мешавад. Сармуҳандиси муассисаи байниноҳиявии обу корези Қӯрғотеппа Ҷумъахон Зоҳиров ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки бинобар сабабаи тоза кардани обанбори муассиса аз соати 8-и субҳ то 18-00-и шом интиқоли об ба аҳолии шаҳр қатъ мегардад. «Дар бораи […]

Сайраҳмон Назриев



Пагоҳ, 17-уми декабр интиқоли об ба сокинони маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Қӯрғонтеппа комилан қатъ мешавад.

Сармуҳандиси муассисаи байниноҳиявии обу корези Қӯрғотеппа Ҷумъахон Зоҳиров ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки бинобар сабабаи тоза кардани обанбори муассиса аз соати 8-и субҳ то 18-00-и шом интиқоли об ба аҳолии шаҳр қатъ мегардад.

«Дар бораи қатъи интиқоли об дар ин рӯз мо хаттӣ мақомоти шаҳрдорӣ, муассисаҳои тиббӣ ва низоми маорифро огаҳ кардем. Ҳамчунин тариқи шабакаи телевизион ва радиои маҳаллӣ ба аҳолӣ тавсия додем, ки барои ин рӯз обро захира намоянд», – гуфт ӯ.

Номбурда ҳамчунин зикр кард, ки чунин корҳои таъмири дастгоҳу таҷҳизот ва тозакунии обанборро корхона дар як сол як маротиба мегузаронад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.