Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 5% афзуд



Давоми моҳҳои январ-ноябри соли равон дар Тоҷикистон ба маблағи ҳудуди беш аз 9,2 млрд. сомонӣ (тақрибан 1,7 млрд. $) маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шуд.

Тавре аз Агентии омори назди президенти ҶТ иттилоъ доданд, ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 5% зиёдтар аст.

Дар ҳаҷми умумии истеҳсолоти саноатӣ ҳисссаи саноати истихроҷ – 13,9, саноати коркард – 65,2% ва истеҳсолу тақсимоти нерӯи барқу газ ва об – 20,9%-ро ташкил додааст.

Аз 90 навъи маҳсулоти саноатии муҳим тӯли 11 моҳи соли ҷорӣ дар 33 номгӯи он истеҳсоли ҳаҷми маҳсулот афзоиш ва дар 44 номгӯй  истеҳсоли он коҳиш ёфта, 13 номгӯи маҳсулот истеҳсол нашудаанд.

Аз 1 ҳазору 183 корхонаи саноатии назди Агентии омор ҳисоботдиҳанда, аз оғози сол 157 корхона аз фаъолият бозмондаанд.

spot_imgspot_img

Популярное