Барои ҳодисаи рухдода дар шаҳри Панҷакет санаи 4-уми ноябри соли равон ҳангоми маъракаи даъват ба хизмати ҳарбӣ бо даъватшаванда Саидалӣ Ҳақбердиев, бо фармони вазири мудофиаи Тоҷикистон комиссари ҳарбии шаҳр Хуршед Қобилов ва муовини ӯ аз мансаб сабукдӯш шуданд.
Тавре як манбаъ аз Вазорати мудофиаи ҶТ хабар дод, афсарони аз мансаб сабукдӯшшуда дар ихтиёри Раёсати кадрҳои вазорат боқӣ гузошта шуданд. «Агар мақомоти тафтишот гуноҳи онҳоро дар ин қазия собит созанд, онҳо якумра аз сафҳои Қувваҳои Мусалаҳи ҷумҳурӣ хориҷ карда мешаванд», – гуфт манбаъ.
Ёдрас мекунем, ки ба қавли даъватшаванда Саидалӣ Ҳақбердиев ва наздиконаш, ӯ санаи 4-уми ноябр ҳангоми «облава» аз ҷониби кормандони комиссариати ҳарбии шаҳри Панҷакент боздошт ва мавриди лату кӯб қарор гирифта, ҷароҳат бардошта буд.



