Аз мансаб барканории комиссари ҳарбии Панҷакент ва муовини ӯ барои қазияи «облава»

Барои ҳодисаи рухдода дар шаҳри Панҷакет санаи 4-уми ноябри соли равон ҳангоми маъракаи даъват ба хизмати ҳарбӣ бо даъватшаванда Саидалӣ Ҳақбердиев, бо фармони вазири мудофиаи Тоҷикистон комиссари ҳарбии шаҳр Хуршед Қобилов ва муовини ӯ аз мансаб сабукдӯш шуданд. Тавре як манбаъ аз Вазорати мудофиаи ҶТ хабар дод, афсарони аз мансаб сабукдӯшшуда дар ихтиёри Раёсати кадрҳои […]

Аваз Юлдошев



Барои ҳодисаи рухдода дар шаҳри Панҷакет санаи 4-уми ноябри соли равон ҳангоми маъракаи даъват ба хизмати ҳарбӣ бо даъватшаванда Саидалӣ Ҳақбердиев, бо фармони вазири мудофиаи Тоҷикистон комиссари ҳарбии шаҳр Хуршед Қобилов ва муовини ӯ аз мансаб сабукдӯш шуданд.

Тавре як манбаъ аз Вазорати мудофиаи ҶТ хабар дод, афсарони аз мансаб сабукдӯшшуда дар ихтиёри Раёсати кадрҳои вазорат боқӣ гузошта шуданд. «Агар мақомоти тафтишот гуноҳи онҳоро дар ин қазия собит созанд, онҳо якумра аз сафҳои Қувваҳои Мусалаҳи ҷумҳурӣ хориҷ карда мешаванд», – гуфт манбаъ.

Ёдрас мекунем, ки ба қавли  даъватшаванда Саидалӣ Ҳақбердиев ва наздиконаш, ӯ санаи 4-уми ноябр ҳангоми «облава» аз ҷониби кормандони комиссариати ҳарбии шаҳри Панҷакент боздошт ва мавриди лату кӯб қарор гирифта, ҷароҳат бардошта буд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.