Журналистонро ба мурофиаи судии парвандаи Шуҳрат Қудратов роҳ надоданд

Ба иштироки намояндагони воситаҳои ахбори умум дар мурофиаи кушода оид ба баррасии парвандаи адвокат Шуҳрат Қудратов, ки тобистони соли равон ба гумони даст доштан дар порадиҳӣ  боздошт шуда буд , иҷозат надоданд. Мурофиаи судӣ имрӯз дар Душанбе оғоз гардид. Субҳи имрӯз дар назди бинои суд журналистони зиёде ҷамъ омада, ҳама интизори оғози мурофиа буданд, вале […]

Мавзуна Абдуллоева



Ба иштироки намояндагони воситаҳои ахбори умум дар мурофиаи кушода оид ба баррасии парвандаи адвокат Шуҳрат Қудратов, ки тобистони соли равон ба гумони даст доштан дар порадиҳӣ

 боздошт шуда буд

, иҷозат надоданд. Мурофиаи судӣ имрӯз дар Душанбе оғоз гардид.

Субҳи имрӯз дар назди бинои суд журналистони зиёде ҷамъ омада, ҳама интизори оғози мурофиа буданд, вале баъди чанде намояндаи суд назди онҳо баромада, изҳор кард, ки барои иштироки журналистон дар мурофиа бояд аз суд иҷозат бигирад. Баъди 5 дақиқа ба рӯзноманигорон эълон карданд, ки мурофиа аллакай оғоз гардида, пас аз судя дигар онҳо ба толор ворид шуда наметавонанд.

Шуҳрат Қудратов дар содир намудани ҷиноятҳо мутобиқи моддаҳои 247 (Қаллобӣ) ва 320 (Пора додан)-и Кодекси ҷиноии ҶТ гумонбар дониста мешавад.

Адвокат Исҳоқ Табаров, ки ӯ низ ба мурофиаи судӣ ҳозир шуда буд, изҳор кард, ки бинобар сабаби исботи худро наёфтани айбномаҳои пениҳодшуда ва истифодаи афв нисбати судшаванда, ба аз толори суд озод шудани айбдоршаванда умедвор аст.

Ёдрас мекунем, ки маводи парвандаи мазкур санаи 20-уми ноябр пас аз баррасӣ дар Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ 

ба суд ирсол шуд.

Адвокат Шуҳрат Қудратов, ки аз манфиатҳои соҳибкори маҳкумшуда Зайд Саидов ҳимоят карда буд, санаи 21-уми июли соли равон аз ҷониби кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ боздошт ва худи ҳамон рӯз ба тавқифгоҳи муваққатии Агентӣ фиристода шуда, сипас ба тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и КДАМ Тоҷикистон гузаронида шуд.

Дар ҳамин ҳол, тавре қаблан хабар дода шуда буд, пас аз барқарор кардани зиёни моддии аз ҷониби адвокат расонидашуда, Шуҳрат Қудратов мутобиқи қонуни афв, метавонад озод карда шавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.