КМИР маълумоти ХФМ оид ба шумори муҳоҷирон дар Русияро носаҳеҳ хонд

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон маълумоти Хадамоти федералии Муҳоҷират (ХФМ)-и Русия дар бораи дар қаламрави Русия қарор доштани беш аз 1 млн. нафар шаҳрвандони Тоҷикистонро носаҳеҳ хонд. Зимни кори мизи гирди рӯзи сешанбеи ҳамин ҳафта раиси КМР ҶТ Шермуҳаммади Шоҳиён дар шарҳи коҳиши хеле зиёди шумори қитъаҳои интихоботӣ дар қаламрави Русия, изҳор намуд, […]

Пайрав Чоршанбиев



Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон маълумоти Хадамоти федералии Муҳоҷират (ХФМ)-и Русия дар бораи дар қаламрави Русия қарор доштани беш аз 1 млн. нафар шаҳрвандони Тоҷикистонро носаҳеҳ хонд.

Зимни кори мизи гирди рӯзи сешанбеи ҳамин ҳафта раиси КМР ҶТ Шермуҳаммади Шоҳиён дар шарҳи коҳиши хеле зиёди шумори қитъаҳои интихоботӣ дар қаламрави Русия, изҳор намуд, ки маълумоти интишоршуда аз ҷониби ХФМ-и Русия дар бораи гӯё дар қаламрави Русия ҳузур доштани беш аз 1 млн. нафар шаҳрвандони Тоҷикистон асоси воқеӣ надорад.

Бо такя ба маълумоти мақомоти муҳоҷирати Тоҷикистон ӯ зикр кард, ки дар зарфи 11 моҳи соли ҷорӣ 630 ҳазор нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба хориҷи кишвар сафар карда, дар ҳамин ҳол, ҳудуди 400 ҳазор нафар ба ватан баргаштаанд.

Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти

ХФМ ФР

, ба санаи 4-уми декабри соли равон 1 млн. 52 ҳазору 822 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Русия қарор доштаанд, ки 871 ҳазору 318 нафарашонро мардон ва 181 ҳазору 504 танро занон ташкил додаанд.

Қобили зикр аст, ки дар маъракаи интихоботи парлумонии Тоҷикистон дар моҳи феврали соли оянда дар хориҷи кишвар ҳудуди 40 қитъаи интихоботӣ ташкил карда мешавад, ки нисбат ба интихоботи президентии санаи 6-уми нобри соли гузашта ва интихоботи парлумонии моҳи феврали соли 2010

хеле камтар аст.

Дар интихоботи гузаштаи президенти Тоҷикистон танҳо дар қаламрави Русия 24 қитъаи интихоботӣ ташкил шуда, тибқи меъёрҳои нави қонунгузорӣ, дар интихоботи парлумонии оянда чунин қитъаҳо ҳамагӣ 3 адад – дар шаҳри Маскав, ки дар он ҷо намояндагии дипломатии Тоҷикистон фаъолият дорад ва шаҳрҳои Уфа ва Екатеринбург, ки консулгариҳои генералии ҷумҳурӣ амал мекунанд, ташкил карда мешаванд.

Раиси дастгоҳи КМИР Абдуманнон Додозода дар ин робита қайд карда буд, ки сабаби кам шудани шумори қитъаҳои интихоботӣ дар хориҷи кишвар тағйироту иловаҳои воридшуда ба қонунгузории интихоботии Тоҷикистон мебошад, ки мутобиқи онҳо қитъаҳои интихоботӣ дар хориҷи кишвар танҳо дар қаламрави намояндагиҳои расмии дипломатии ҷумҳурӣ дар кишварҳои хориҷӣ ташкил карда мешаванд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.