Шабдолов зидди тасдиқи созишнома бо Латвия изҳори назар кард

Дар ҷаласаи имрӯзаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ раиси Ҳизби комунист ва вакили парлумон Шодӣ Шабдолов зидди тасдиқи Созишномаи байниҳукуматӣ миёни Тоҷикистону Латвия дар бораи мубориза бо терроризм, ҷинояткории муташаккилона ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир изҳори назар кард. «Кишварҳо терроризмро ба гунаҳои зиёде шарҳ медиҳанд, бархе ҳатто барои пиёдасозии манфиатҳои худ ҳаракатҳои озодихоҳона, иқдомҳои ҳимоят […]

Аваз Юлдошев



Дар ҷаласаи имрӯзаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ раиси Ҳизби комунист ва вакили парлумон Шодӣ Шабдолов зидди тасдиқи Созишномаи байниҳукуматӣ миёни Тоҷикистону Латвия дар бораи мубориза бо терроризм, ҷинояткории муташаккилона ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир изҳори назар кард.

«Кишварҳо терроризмро ба гунаҳои зиёде шарҳ медиҳанд, бархе ҳатто барои пиёдасозии манфиатҳои худ ҳаракатҳои озодихоҳона, иқдомҳои ҳимоят аз ҳуқуқи инсон, забони модарӣ ва таъмини тамомияти арзии давлатро низ терроризм ном мебаранд», – гуфт ӯ.

Ба гуфтаи раиси ҲКТ, аксари кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (НАТО), Иттиҳоди Аврупо, кишварҳи назди Балтика, аз ҷумла Латвия низ талошҳои мардуми шарқи Украинаро барои ҳимоят аз ҳуқуқу озодиҳо ва забони модариашон терроризм арзёбӣ мекунанд, вале касонеро, ки ба сари мардуми осоишта гулӯлаи тиру тӯп ҳавола мекунанд, демократ меноманд. «Агар дар созишномаи Тоҷикистон бо Латвия чунин ҳамкорӣ пешбинӣ шуда бошад, ман ба он мухолифам», – қайд кард Шабдолов.

Раиси палатаи поёнии парлумон Шукурҷон Зуҳуров дар робита ба ин масъала изҳор кард, ки ин созишнома масоили табодули маълумот, омӯзиш, ошкор кардани ҷиноятҳо, баргузории амалиёт тибқи методи «таҳвили зери назорат»-ро дар бар мегирад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.