Салимзода: Муҳаммадбоқиров дар якчанд парвандаи ҷиноӣ ҳузур дорад

Прокурори генералии Тоҷикистон Шерхон Салимзода дар мавриди ҳодисаи рӯзи душанбе рухдода дар бинои Раёсати КДАМ дар ВМКБ изҳор намуд, ки Прокуратураи генералӣ ин қазияро мавриди таҳқиқ қарор додааст. Дар робита ба оғози парвандаи ҷиноӣ нисбати Муҳаммадбоқир Муҳаммадбоқиров, яке аз собиқ фармондеҳони Иттиҳоди мухолифин дар Бадахшон ва полковники мустаъфии нерӯҳои марзбонии ҷумҳурӣ оид ба далели иштироки […]

Аваз Юлдошев



Прокурори генералии Тоҷикистон Шерхон Салимзода дар мавриди ҳодисаи рӯзи душанбе рухдода дар бинои Раёсати КДАМ дар ВМКБ изҳор намуд, ки Прокуратураи генералӣ ин қазияро мавриди таҳқиқ қарор додааст.

Дар робита ба оғози парвандаи ҷиноӣ нисбати Муҳаммадбоқир Муҳаммадбоқиров, яке аз собиқ фармондеҳони Иттиҳоди мухолифин дар Бадахшон ва полковники мустаъфии нерӯҳои марзбонии ҷумҳурӣ оид ба далели иштироки ӯ дар ин ҳодиса, прокурори генералӣ қайд кард, ки ин шахс дар як қатор парвандаҳои ҷиноӣ ҳузур дорад, ки онҳо оғоз шудаву тафтишот аз рӯйи онҳо идома дорад. Аз шарҳи ҷузъиёти дигари ин масъала прокурори генералӣ худдорӣ варзид.

Рӯзи душанбе дар шаҳри Хоруғ Муҳаммадбоқир Муҳаммадбоқиров, яке аз собиқ фармондеҳони Иттиҳоди мухолифин дар Бадахшон ва полковники мустаъфии нерӯҳои марзбонии ҷумҳурӣ боздошт шуд.

Дар 

изҳороти Раёсати КДАМ Тоҷикистон дар ВМКБ

, ки дар сомонаи «Ховар» нашр шуд, дар ин робита зикр мегардад, ки  15-уми декабри соли ҷорӣ, соати 14-00, дар маҳаллаи «Бархоруғ» шаҳрванд Муҳаммадбоқиров Муҳаммадбоқир бо чанд нафар гурӯҳи авбошон, бе иҷозати расмӣ ба объекти муҳими давлатӣ – шуъбаи дар шаҳри Хоруғ будаи Раёсати КДАМ ворид гашта, ба яке аз кормандони ин сохтор ҳуҷум кард ва бо истифода аз дастаи таппонча ӯро захмӣ намуд.

Дар ҳамин ҳол, Раёсати ВКД дар Тоҷикистон дар ВМКБ дар мавриди ин қазия

иттилоъ дода буд,

ки дар маркази маъмурии ВМКБ – шаҳри Хоруғ баъди ҳодисаи рухдода, ки яке аз шахсони бонуфузи маҳаллӣ боздошт ва сипас раҳо гардид, шаб оромона сипарӣ шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.