Ба қонун «Дар бораи мақомоти прокуратура» тағйироту илова ворид шуд



Палатаи поёнии парлумон тағйироту иловаҳои пешниҳодшудаи гурӯҳе аз вакилон ба қонун «Дар бораи мақомоти прокуратура»-ро дастгирӣ кард.

Зимни шарҳи ин тағйироту илова ба вакилон яке аз муаллифони он, вакил Азизмуҳаммад Холмуҳаммадзода зикр кард, ки аз ин ба баъд барои ҳамаи прокуророни Тоҷикистон дар сатҳҳои гуногун муовини аввал таъин карда мешавад.

«Танҳо ба прокурори генералӣ, муовинони ӯ, сарпрокурори ҳарбӣ, прокуророни вилояту шаҳр ва ноҳияҳо ҳуқуқ дода мешавад, ки барои ҳабси шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ ва шахсони бидуни шаҳрвандӣ санади иҷозат диҳанд», – гуфт вакил.

Ба гуфтаи ӯ, дар тағйироту иловаҳо ҳамчунин ҷорӣ намудани нишонҳои фарқият дар мақомоти прокуратура низ пешбинӣ шудааст, ки бо пешниҳоди прокурори генералӣ президенти ҷумҳурӣ тасдиқ мекунад.

spot_imgspot_img

Популярное