Ҳалокати 3 сокини Хоруғ бар асари садамаи нақлиёт

Бар асари садамаи нақлиёте, ки чанде қабл дар шаҳри Хоруғ рух дод, се нафар ҳалок ва боз ду нафари дигар ҷароҳат бардошта, ба бемористон мунтақил шуданд. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, наздики шоми рӯзи 16-уми декабр ҳангоми  ҳаракат бо  роҳи  автомобилгарди  деҳаи Тем ба самти шаҳри Хоруғ ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-200», сокини 55-солаи ҳамин […]

ASIA-Plus



Бар асари садамаи нақлиёте, ки чанде қабл дар шаҳри Хоруғ рух дод, се нафар ҳалок ва боз ду нафари дигар ҷароҳат бардошта, ба бемористон мунтақил шуданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, наздики шоми рӯзи 16-уми декабр ҳангоми  ҳаракат бо  роҳи  автомобилгарди  деҳаи Тем ба самти шаҳри Хоруғ ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-200», сокини 55-солаи ҳамин шаҳр Искандар Хӯҷамриев аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, бо суръати баланд ба симчӯби бетонии чароғакҳои равшанидиҳанда бармехӯрад.

Гуфта мешавад, бар асари ин бархӯрд худи ронанда ва 2 нафар мусофирони автомашина ба ҳалокат расида, боз ду нафари дигар бо ҷароҳатҳои ҷисмонӣ дар бемористон бистарӣ шудаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.