Ба қонун «Дар бораи мақомоти прокуратура» тағйироту илова ворид шуд

Палатаи поёнии парлумон тағйироту иловаҳои пешниҳодшудаи гурӯҳе аз вакилон ба қонун «Дар бораи мақомоти прокуратура»-ро дастгирӣ кард. Зимни шарҳи ин тағйироту илова ба вакилон яке аз муаллифони он, вакил Азизмуҳаммад Холмуҳаммадзода зикр кард, ки аз ин ба баъд барои ҳамаи прокуророни Тоҷикистон дар сатҳҳои гуногун муовини аввал таъин карда мешавад. «Танҳо ба прокурори генералӣ, муовинони […]

Аваз Юлдошев



Палатаи поёнии парлумон тағйироту иловаҳои пешниҳодшудаи гурӯҳе аз вакилон ба қонун «Дар бораи мақомоти прокуратура»-ро дастгирӣ кард.

Зимни шарҳи ин тағйироту илова ба вакилон яке аз муаллифони он, вакил Азизмуҳаммад Холмуҳаммадзода зикр кард, ки аз ин ба баъд барои ҳамаи прокуророни Тоҷикистон дар сатҳҳои гуногун муовини аввал таъин карда мешавад.

«Танҳо ба прокурори генералӣ, муовинони ӯ, сарпрокурори ҳарбӣ, прокуророни вилояту шаҳр ва ноҳияҳо ҳуқуқ дода мешавад, ки барои ҳабси шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ ва шахсони бидуни шаҳрвандӣ санади иҷозат диҳанд», – гуфт вакил.

Ба гуфтаи ӯ, дар тағйироту иловаҳо ҳамчунин ҷорӣ намудани нишонҳои фарқият дар мақомоти прокуратура низ пешбинӣ шудааст, ки бо пешниҳоди прокурори генералӣ президенти ҷумҳурӣ тасдиқ мекунад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.