Салимзода: Муҳаммадбоқиров дар якчанд парвандаи ҷиноӣ ҳузур дорад



Прокурори генералии Тоҷикистон Шерхон Салимзода дар мавриди ҳодисаи рӯзи душанбе рухдода дар бинои Раёсати КДАМ дар ВМКБ изҳор намуд, ки Прокуратураи генералӣ ин қазияро мавриди таҳқиқ қарор додааст.

Дар робита ба оғози парвандаи ҷиноӣ нисбати Муҳаммадбоқир Муҳаммадбоқиров, яке аз собиқ фармондеҳони Иттиҳоди мухолифин дар Бадахшон ва полковники мустаъфии нерӯҳои марзбонии ҷумҳурӣ оид ба далели иштироки ӯ дар ин ҳодиса, прокурори генералӣ қайд кард, ки ин шахс дар як қатор парвандаҳои ҷиноӣ ҳузур дорад, ки онҳо оғоз шудаву тафтишот аз рӯйи онҳо идома дорад. Аз шарҳи ҷузъиёти дигари ин масъала прокурори генералӣ худдорӣ варзид.

Рӯзи душанбе дар шаҳри Хоруғ Муҳаммадбоқир Муҳаммадбоқиров, яке аз собиқ фармондеҳони Иттиҳоди мухолифин дар Бадахшон ва полковники мустаъфии нерӯҳои марзбонии ҷумҳурӣ боздошт шуд.

Дар 

изҳороти Раёсати КДАМ Тоҷикистон дар ВМКБ

, ки дар сомонаи «Ховар» нашр шуд, дар ин робита зикр мегардад, ки  15-уми декабри соли ҷорӣ, соати 14-00, дар маҳаллаи «Бархоруғ» шаҳрванд Муҳаммадбоқиров Муҳаммадбоқир бо чанд нафар гурӯҳи авбошон, бе иҷозати расмӣ ба объекти муҳими давлатӣ – шуъбаи дар шаҳри Хоруғ будаи Раёсати КДАМ ворид гашта, ба яке аз кормандони ин сохтор ҳуҷум кард ва бо истифода аз дастаи таппонча ӯро захмӣ намуд.

Дар ҳамин ҳол, Раёсати ВКД дар Тоҷикистон дар ВМКБ дар мавриди ин қазия

иттилоъ дода буд,

ки дар маркази маъмурии ВМКБ – шаҳри Хоруғ баъди ҳодисаи рухдода, ки яке аз шахсони бонуфузи маҳаллӣ боздошт ва сипас раҳо гардид, шаб оромона сипарӣ шуд.

spot_imgspot_img

Популярное