Гумонбарии ду ҷавони ёвонӣ ба дуздии говҳо



Ҳангоми фурӯши говҳои дуздидашуда дар Қӯрғонтеппа ду сокини ноҳияи Ёвон боздошт шуданд.

Тавре як манбаъ аз Шуъбаи ВКД дар шаҳри Қӯрғонтеппа иттилоъ дод, онҳо аз ҷониби кормандони милиса дар бозори фурӯши чорвои Қурғонтеппа зимни фурӯши говҳо боздошт шудаанд.

Ба иттилои манбаъ, боздоштшудагон – Саидмурод Шодиеви 27-сола ва Парвиз Қосимзодаи 27-сола ба дуздии 7 сар гови ҳамдиёронашон иқрор шудаанд. «Арзиши говҳои дуздидашуда беш аз 20 ҳазор сомонӣ аст», – гуфт манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки аз рӯйи ин далел нисбати боздоштшудагон мутобиқи моддаи 244-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Дуздӣ) парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишоти пешакӣ дар ин самт идома дорад.

spot_imgspot_img

Популярное