Соли равон ба Тоҷикистон 205 ҳазор тонна гази моеъ ворид шуд

Дар зарфи 11 моҳи соли равон ба Тоҷикистон қариб 205 ҳазор тонна гази моеъ ворид шуд. Бино ба маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ, дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ин нишондиҳанда 12,6 ҳазор тонна зиёдтар аст. Гуфта мешавад, моҳи ноябр ҳаҷми воридоти гази моеъ ба Тоҷикистон 18,1 ҳазор тоннаро ташкил додааст, ки […]

Пайрав Чоршанбиев



Дар зарфи 11 моҳи соли равон ба Тоҷикистон қариб 205 ҳазор тонна гази моеъ ворид шуд.

Бино ба маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ, дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ин нишондиҳанда 12,6 ҳазор тонна зиёдтар аст.

Гуфта мешавад, моҳи ноябр ҳаҷми воридоти гази моеъ ба Тоҷикистон 18,1 ҳазор тоннаро ташкил додааст, ки нисбат ба моҳи ноябри соли гузашта 36 тонна камтар мебошад.

Қобили зикр аст, ки ин навъи сӯзишвориро Тоҷикистон асоаан аз Қазоқистон ва ҳамчунин аз Русияву Туркманистон низ ворид мекунад. Соли 2013 ба ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ ҳудуди 214 ҳазор тонна гази моеъ ворид гардида буд.

Тибқи маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва савдо, айни замон беш аз 49%-и нақлиёти автомобилии кишвар бинобар сабаби гаронии бензин, ба сифати сӯзишворӣ аз гази моеъ истифода мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, арзиши ин навъи сӯзишворӣ дар нуқтаҳои фурӯши пойтахт тақрибан ба миқдори 30%, аз 2,9 – 3 сомонӣ то ба 3,8 – 4 сомонӣ барои як литр боло рафт.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.