Гумонбарии ду ҷавони ёвонӣ ба дуздии говҳо

Ҳангоми фурӯши говҳои дуздидашуда дар Қӯрғонтеппа ду сокини ноҳияи Ёвон боздошт шуданд. Тавре як манбаъ аз Шуъбаи ВКД дар шаҳри Қӯрғонтеппа иттилоъ дод, онҳо аз ҷониби кормандони милиса дар бозори фурӯши чорвои Қурғонтеппа зимни фурӯши говҳо боздошт шудаанд. Ба иттилои манбаъ, боздоштшудагон – Саидмурод Шодиеви 27-сола ва Парвиз Қосимзодаи 27-сола ба дуздии 7 сар гови […]

Сайраҳмон Назриев



Ҳангоми фурӯши говҳои дуздидашуда дар Қӯрғонтеппа ду сокини ноҳияи Ёвон боздошт шуданд.

Тавре як манбаъ аз Шуъбаи ВКД дар шаҳри Қӯрғонтеппа иттилоъ дод, онҳо аз ҷониби кормандони милиса дар бозори фурӯши чорвои Қурғонтеппа зимни фурӯши говҳо боздошт шудаанд.

Ба иттилои манбаъ, боздоштшудагон – Саидмурод Шодиеви 27-сола ва Парвиз Қосимзодаи 27-сола ба дуздии 7 сар гови ҳамдиёронашон иқрор шудаанд. «Арзиши говҳои дуздидашуда беш аз 20 ҳазор сомонӣ аст», – гуфт манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки аз рӯйи ин далел нисбати боздоштшудагон мутобиқи моддаи 244-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Дуздӣ) парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишоти пешакӣ дар ин самт идома дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.