Оғози парвандаи ҷиноӣ нисбати собиқ комиссари ҳарбии шаҳри Панҷакент



Прокуратураи ҳарбии гарнизони Хуҷанд нисбати комиссари ҳарбии шаҳри Панҷакент подполковник Хуршед Қобилов барои лату кӯби Абдуҷаббор Рустамов, падари яке аз даъватшавандагон парвандаи ҷиноӣ боз кард.

Дилшод Ҷӯраев, адвокати ҷабрдида ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки парванда мутобиқи моддаи 391-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Суистеъмоли ҳокимият ё мақоми хизматӣ, аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ ва хизматӣ баромадан ё  бефаъолиятии ҳокимият) оғоз гардидааст. «Комиссари ҳарбӣ Хуршед Қобилов аз ҷабрдида узр пурсида, маблағи табобати ӯ дар бемористонро ҷуброн кард», – гуфт ӯ.

Ба қавли адвокат, комиссари ҳарбӣ ба ӯ занг зада, хабар медиҳад, ки писараш гурехтаасту аз макони будубоши фарзандаш ӯ огоҳ аст, вале ба онҳо намегӯяд. «Сипас падари даъватшаванда мавриди лату кӯби комиссари ҳарбӣ қарор гирифта, беҳуш мешавад ва кормандони комиссариат бо таҳдид ӯро огоҳ мекунанд, ки дар бораи ин ҳодиса ба касе ҳарф назанад, вале дар бемористон ҷабрдида маҷбур мешавад, ки ба наздиконаш дар бораи қазияи рухдода ҳикоят кунад», – иброз дошт адвокат.

Номбурда ҳамчунин гуфт, сипас наздикони ҷабрдида ба ташкилоти «Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ» муроҷиат кардаанд. «Бори нахуст дар ҷумҳурии мо Вазорати мудофиа далели мазкурро мавриди санҷиш қарор дода, онро тасдиқ кард. Умедворам, ки баъди ин ҳодиса кормандони комиссариатҳои ҳарбӣ ҳангоми маъракаи даъват тибқи қонун рафтор мекунанд», – афзуд номбурда.

Ёдрас мекунем, ки бо фармони вазири мудофиаи ҷумҳурӣ Шералӣ Мирзо, барои рафтои дағалалона нисбати шаҳрванд Абдуҷаббор Рустамов комисари ҳарбии шаҳри Панҷакент подполковник Хуршед Қобилов ва муовини ӯ аз мансабҳояшон барканор шуда, нисбати дигар кормандони комиссариати ҳарбии шаҳр, ки маҷбуран ҷавонро ба хизмат даъват карданӣ шуданд, прокуратураи ҳарбӣ санҷиш мегузаронад.

spot_imgspot_img

Популярное