Рустам Латифзода раиси Ҳизби аграрӣ интихоб шуд

Собиқ вакили палатаи поёнии парлумон ва собиқ раиси ноҳияи Восеъ Рустам Латифзода, ки қаблан ба ҳайси муовини аввали раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон (ҲАТ) фаъолият дошт, имрӯз дар анҷумани пешазинтихоботӣ раиси ҳизб интихоб шуд. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҲАТ хабар дод, дар анҷуман рӯйхати ҳизбии номзадҳо ба вакилӣ дар парлумон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ […]

Аваз Юлдошев



Собиқ вакили палатаи поёнии парлумон ва собиқ раиси ноҳияи Восеъ Рустам Латифзода, ки қаблан ба ҳайси муовини аввали раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон (ҲАТ) фаъолият дошт, имрӯз дар анҷумани пешазинтихоботӣ раиси ҳизб интихоб шуд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҲАТ хабар дод, дар анҷуман рӯйхати ҳизбии номзадҳо ба вакилӣ дар парлумон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ тасдиқ гардид, ки дар садри ин рӯйхати иборат аз 14 нафар пешвои нави ҳизб Р.Латифзода қарор дорад. «Ояндаи наздик рӯйхати пурраи номзадҳои ҲАТ ба ҳамагон пешниҳод мешавад», – гуфт сарчашмаи хабар.

Қобили зикр аст, ки пас аз даргузашти раиси пешинаи ҳизб, вакили палатаи поёнии парлумон, академик Амир Қаракулов рӯзи 10-уми марти соли 2014, ҳизбро се муовини ӯ ва аслан муовини аввал, собиқ раиси ноҳияи Восеъ Рустам Латифзода роҳбарӣ мекарданд.

Ҳизби аграрии Тоҷикистон соли 2005 таъсис дода шуда, айни замон дар сафҳояш ҳудуди 50 ҳазор нафарро муттаҳид мекунад ва дар палатаи поёнии парлумони даъвати кунунӣ соҳиби ду курсии вакилӣ аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.