Оғози парвандаи ҷиноӣ нисбати собиқ комиссари ҳарбии шаҳри Панҷакент

Прокуратураи ҳарбии гарнизони Хуҷанд нисбати комиссари ҳарбии шаҳри Панҷакент подполковник Хуршед Қобилов барои лату кӯби Абдуҷаббор Рустамов, падари яке аз даъватшавандагон парвандаи ҷиноӣ боз кард. Дилшод Ҷӯраев, адвокати ҷабрдида ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки парванда мутобиқи моддаи 391-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Суистеъмоли ҳокимият ё мақоми хизматӣ, аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ ва хизматӣ […]

Мавзуна Абдуллоева



Прокуратураи ҳарбии гарнизони Хуҷанд нисбати комиссари ҳарбии шаҳри Панҷакент подполковник Хуршед Қобилов барои лату кӯби Абдуҷаббор Рустамов, падари яке аз даъватшавандагон парвандаи ҷиноӣ боз кард.

Дилшод Ҷӯраев, адвокати ҷабрдида ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки парванда мутобиқи моддаи 391-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Суистеъмоли ҳокимият ё мақоми хизматӣ, аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ ва хизматӣ баромадан ё  бефаъолиятии ҳокимият) оғоз гардидааст. «Комиссари ҳарбӣ Хуршед Қобилов аз ҷабрдида узр пурсида, маблағи табобати ӯ дар бемористонро ҷуброн кард», – гуфт ӯ.

Ба қавли адвокат, комиссари ҳарбӣ ба ӯ занг зада, хабар медиҳад, ки писараш гурехтаасту аз макони будубоши фарзандаш ӯ огоҳ аст, вале ба онҳо намегӯяд. «Сипас падари даъватшаванда мавриди лату кӯби комиссари ҳарбӣ қарор гирифта, беҳуш мешавад ва кормандони комиссариат бо таҳдид ӯро огоҳ мекунанд, ки дар бораи ин ҳодиса ба касе ҳарф назанад, вале дар бемористон ҷабрдида маҷбур мешавад, ки ба наздиконаш дар бораи қазияи рухдода ҳикоят кунад», – иброз дошт адвокат.

Номбурда ҳамчунин гуфт, сипас наздикони ҷабрдида ба ташкилоти «Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ» муроҷиат кардаанд. «Бори нахуст дар ҷумҳурии мо Вазорати мудофиа далели мазкурро мавриди санҷиш қарор дода, онро тасдиқ кард. Умедворам, ки баъди ин ҳодиса кормандони комиссариатҳои ҳарбӣ ҳангоми маъракаи даъват тибқи қонун рафтор мекунанд», – афзуд номбурда.

Ёдрас мекунем, ки бо фармони вазири мудофиаи ҷумҳурӣ Шералӣ Мирзо, барои рафтои дағалалона нисбати шаҳрванд Абдуҷаббор Рустамов комисари ҳарбии шаҳри Панҷакент подполковник Хуршед Қобилов ва муовини ӯ аз мансабҳояшон барканор шуда, нисбати дигар кормандони комиссариати ҳарбии шаҳр, ки маҷбуран ҷавонро ба хизмат даъват карданӣ шуданд, прокуратураи ҳарбӣ санҷиш мегузаронад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?