Ахири ҳафтаи равон дар мақомоти шаҳрдории Душанбе таҳти раёсати раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев оид ба баррасии масоили ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ ва дастурхони солинавии сокинони шаҳр ҷаласаи кории шаҳрдорӣ баргузор гашт.
Бино ба маълумоти дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдорӣ, дар иртибот ба ин аз ҷониби раиси шаҳр муқаррар карда шуд, ки аз 21 то 31 декабри соли 2014 ҳамарӯза дар маҷмааи савдои «Пойтахт -90» аз ҳисоби КВД «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе», бозорҳои «Шоҳмансур», «Саховат», «Деҳқон», «Қарияи боло» ва бозорҳои хусусии яклухтфурӯшии дар қаламрави шаҳр фаъолиятдошта ярмаркаи махсулоти ниёзи аввалия бо инобати аз 15 то 30 % аз нархҳои бозорӣ арзон ба фурӯш гузоштани маҳсулот доир карда шавад.
Гуфта мешавад, дар ҷаласа қарор гардид, ки дигар субъектҳои хоҷагидорӣ ва соҳибкорони алоҳида низ имкон доранд дар ин сабқати ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ ва дастурхони солинавии сокинон бо пешниҳоди аз 15 то 30 % аз нархҳои бозорӣ арзон маҳсулоташонро дар ҳудуди бозорҳои коммуналӣ ба фурӯш гузоранд ва баҳри дастгирии ингуна ташаббусҳои шахсони воқеию ҳуқуқӣ, шаҳрдорӣ муқаррар сохт, ки тӯли баргузории ярмаркаҳо ҳар кадоми онҳо аз пардохти ҳаққи иҷора ва чинишҳои яквақтаи бозорӣ озод карда мешаванд.
«Раиси шаҳр ҳамзамон сохторҳои назорати давлатӣ ва комиссияҳои ҷамъиятиро муваззаф кард, ки оид ба ташкилу таъмини ярмаркаҳои зикршуда бо маҳсулоти хушсифат аз ҷониби масъулини вобастагардида назорати ҷамъиятиро роҳандозӣ намоянд», – омадааст дар маълумоти шаҳрдорӣ.



