Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 20-уми декабр полковник Хуршед Маҳмадшозодаро фармондеҳи Қушӯнҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон таъин кард. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ВКД ҶТ хабар дод.
Полковник Нозим Маҳмадов сардори Сарраёсати хадамоти оташнишонии ВКД Тоҷикистон таъин гардид.
Зимни мулоқот бо кадрҳои тозатаъин сарвари давлат онҳоро ба хизмати содиқона ба Ватан ва мардуми кишвар ҳидоят кард.
Вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ генерал-лейтенанти милиса Рамазон Раҳимзода имрӯз кардрҳои тозатаъинро ба ҳайати раҳбарии вазорат муаррифӣ намуд.



