Дар сохторҳои қудратии Тоҷикистон маълумот дар бораи аз ҷониби афроди номаълум рабуда шудани 4 нафар марзбонони дастаи сарҳадбонони ноҳияи Панҷро тасдиқ намуданд.
Ба иттилои манбаъ, ҳодисаи мазкурро Куммтаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ мавриди таҳқиқ қарор додааст. Аз шарҳи ҷузъиёти қазия манбаъ худдорӣ кард.
Хабаргузории афғонии «Хома» бо истинод ба намояндагони вилояти Қундузи Афғонистон дар бораи аз ҷониби размандагони ҳаракати «Толибон» рабуда шудани 4 нафар марзбонони тоҷик маълумот дод. «Толибон ният доранд, ки марзбононро бо ҷонибдоронашон, ки дар зиндонҳои Тоҷикистон қарор доранд, иваз намоянд», – таъкид доштааст хабаргузорӣ.
Дар ҳамин ҳол, дар торнамои «Афганистан.ру» бо такя ба сухангӯи Раёсати пулиси ҚУндуз Сарвар Ҳусейнӣ, дар ин робита қайд мешавад, ки марзбонон сарҳадро убур намуда, дар яке аз ҷангалҳои музофоти Имом-Соҳиб ба дарахтбурӣ машғул шудаанд ва намояндагони ҳаракати Толибон аз ин огоҳ гардида, баъди ҳамлаи ногаҳонӣ онҳоро рабудаанд.
«Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз макони нгаҳдории рабудашудагон огаҳӣ дошта, амалиёти озод кардани марзбонони тоҷик аллакай оғоз гардид», – иттилоъ медиҳад шабакаи телевизионии «Ориёно-ТВ».



