Толибон 4 марзбони тоҷикро рабуданд

Дар сохторҳои қудратии Тоҷикистон маълумот дар бораи аз ҷониби афроди номаълум рабуда шудани 4 нафар марзбонони дастаи сарҳадбонони ноҳияи Панҷро тасдиқ намуданд. Ба иттилои манбаъ, ҳодисаи мазкурро Куммтаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ мавриди таҳқиқ қарор додааст. Аз шарҳи ҷузъиёти қазия манбаъ худдорӣ кард. Хабаргузории афғонии «Хома» бо истинод ба намояндагони вилояти Қундузи Афғонистон дар бораи […]



Дар сохторҳои қудратии Тоҷикистон маълумот дар бораи аз ҷониби афроди номаълум рабуда шудани 4 нафар марзбонони дастаи сарҳадбонони ноҳияи Панҷро тасдиқ намуданд.

Ба иттилои манбаъ, ҳодисаи мазкурро Куммтаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ мавриди таҳқиқ қарор додааст. Аз шарҳи ҷузъиёти қазия манбаъ худдорӣ кард.

Хабаргузории афғонии «Хома» бо истинод ба намояндагони вилояти Қундузи Афғонистон дар бораи аз ҷониби размандагони ҳаракати «Толибон» рабуда шудани 4 нафар марзбонони тоҷик маълумот дод. «Толибон ният доранд, ки марзбононро бо ҷонибдоронашон, ки дар зиндонҳои Тоҷикистон қарор доранд, иваз намоянд», – таъкид доштааст хабаргузорӣ.

Дар ҳамин ҳол, дар торнамои «Афганистан.ру» бо такя ба сухангӯи Раёсати пулиси ҚУндуз Сарвар Ҳусейнӣ, дар ин робита қайд мешавад, ки марзбонон сарҳадро убур намуда, дар яке аз ҷангалҳои музофоти Имом-Соҳиб ба дарахтбурӣ машғул шудаанд ва намояндагони ҳаракати Толибон аз ин огоҳ гардида, баъди ҳамлаи ногаҳонӣ онҳоро рабудаанд.

«Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз макони нгаҳдории рабудашудагон огаҳӣ дошта, амалиёти озод кардани марзбонони тоҷик аллакай оғоз гардид», – иттилоъ медиҳад шабакаи телевизионии «Ориёно-ТВ».

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.