Ба дашти Сомғори Суғд нахустин маротиба об омад

Раиси вилояти суғд Абдураҳмон Қодирӣ бо мақсади шиносоӣ бо вазъи корҳои омодагӣ барои баровардани об ба дашти Сомғор вазъи   пойгоҳҳои обкашии ин мавзеъро мавриди назар қарор дод. Ҷоиз ба зикр аст, ки лоиҳаи азнавсозии иншооти обрасонӣ аз ҷониби  филиали суғдии «Тоҷикгидровотхоз» омода шуда, дар инҷо насби таҷхизоти замонавии обрасонӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар  ҳолати  […]

ASIA-Plus



Раиси вилояти суғд Абдураҳмон Қодирӣ бо мақсади шиносоӣ бо вазъи корҳои омодагӣ барои баровардани об ба дашти Сомғор вазъи   пойгоҳҳои обкашии ин мавзеъро мавриди назар қарор дод.

Ҷоиз ба зикр аст, ки лоиҳаи азнавсозии иншооти обрасонӣ аз ҷониби  филиали суғдии «Тоҷикгидровотхоз» омода шуда, дар инҷо насби таҷхизоти замонавии обрасонӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар  ҳолати  обшор гаштани  ин мавзеъ имкони бунёди  шаҳраки наву замонавӣ дар масоҳати зиёда аз 2 ҳазор гектар барои 200 ҳазор нафар аҳолӣ ба вуҷуд меояд.  Шаҳраки нав  дорои тамоми  инфрасохтори замони муосир хоҳад шуд ва дар он биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ, мактабу беморхона, майдончаҳои варзишӣ, кудакистон ва марказҳои дигари  хизматрасонию иҷтимоӣ қомат хоҳад афрохт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, зимни сӯҳбат бо мутахассисон А.Қодирӣ таъкид дошт, ки тибқи нақша  дар ин мавзеъ  ба 40 ҳазор  оила қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ  ҷудо карда мешавад. Ҳамчунин сохтмони мактаб, боғчаи бачагона, беморхона ва марказҳои гуногуни  хизматрасонию тиҷоратӣ, коргоҳҳои  гуногуни истеҳсолӣ ва ғайра  дар назар дошта шудааст.

Ҳамин тариқ Раиси вилоят зимни шиносоӣ аз иҷрои корҳои ба анҷом расида дар пойгоҳи обкашии тозабунёд изҳори қаноатмандӣ намуд ва барои бо сифат анҷом додани корҳои технологӣ дастуру супоришҳо дод. Ҳамчунин Раиси вилоят дастур дод ки корҳои ободонӣ дар гирду атрофи пойгоҳи обкашӣ ба роҳ монда шуда, он бо дарахтони ҳамешасабз оро дода шавад. Дастур дода шуд, ки барои кормандони пойгоҳи обкашӣ аз ҳисоби заминҳои нав 5 гектар замин барои бунёди боғ ҷудо карда шуда, ҳамчун қитъаи ёрирасон тақсим карда шавад. Ин иқдоми роҳбари вилоят аз ҷониби кормандон хуш пазируфта шуд.

Бояд гуфт, ки дар марҳилаи аввал бо ба истифода дода шудани пойгоҳи обкашии мазкур 3 гектар замин бо оби полезӣ таъмин карда хоҳад шуд.

Раиси вилоят зимни сафари корӣ инчунин бо тарҳи боғҳои нави бунёдшаванда шинос шуд. Таъкид гардид, ки дар боғоти бунёдшаванда усули обёрии қатрагӣ ба роҳ монда шуда, дар он дарахтони сиёҳолу, зардолу шафтолу ва бодом парвариш карда мешаванд. Бо ба итмом расонидани бунёди хатҳои обрасонӣ дар назар аст, ки ба мавзеи мазкур соҳибкорон ва хоҳишмандон даъват карда шуда, мувофиқи дархосташон барои бунёди боғ на кам аз 5 гектарӣ замин тақсим карда шавад. Раиси вилоят ба масъулин дастур дод, ки тартиби гирифтани заминро барои бунёди боғи интенсивӣ дар муҳлатҳои кутоҳ муайян намоянд.

Дар ин рӯз марҳилаи аввалини супориши сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар бораи азхудкунии дашти Сомғор ба иҷро расид. Ба баландии зиёда аз 118  метр тавассути қубурҳои қутраш 720 мм. ба дарозии 4 700 метр об бароварда шуд ва ҳамин тавр нахустин маротиба ба дашти Сомғор об омад ва ба корҳои бунёдкорӣ асос гузошта шуд. Оббарории озмоишии навбати аввал собит сохт, ки обёрии дашти Сомғор амалишаванда аст. Ба баландии 118 метр алҳол 1 куб об бароварда шуд ки он дар навбати аввал барои обёрии 1000 гектар боғ басанда аст. Алҳол хобондани 3.5 километр қубури обгузар барои таъминоти оби шаҳраки бунёдшаванда ва 2.5 километр қубур барои обёрии боғҳои навбунёдшаванда бо суръат идома дорад.

Дар ин мавзеъ зиёда аз 12 ҳазор гектар заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берун монда мавҷуд аст. Роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят обод кардани ин мавзеъро яке аз ҳадафҳои асосӣ қарор дода, барои обшор  намудани заминҳои ташналаб корҳои наззарасро ба анҷом мерасонад. Интизор меравад, ки Сомғор ба як мавзеи ободу хуррам табдил дода шавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.