Эмомалӣ Раҳмон ба ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД раҳсипор мешавад

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нимаи дуюми имрӯз ҷиҳати иштирок дар кори ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) ба Маскав раҳсипор мешавад. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, ҷаласаи Шӯро рӯзи 23-юми декабр таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон доир мегардад, зеро раёсат дар Шӯрои мазкур аз Русия ба Тоҷикистон мегузарад. […]

ASIA-Plus



Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нимаи дуюми имрӯз ҷиҳати иштирок дар кори ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) ба Маскав раҳсипор мешавад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, ҷаласаи Шӯро рӯзи 23-юми декабр таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон доир мегардад, зеро раёсат дар Шӯрои мазкур аз Русия ба Тоҷикистон мегузарад.

Зимнан зикр гардид, ки дар ҷаласаи Шӯро сарони кишварҳои узви Созмон атрофи вазъи кунунӣ дар минтақаи таҳти масъулияти СААД қарордошта табодули назар намуда, аз маърӯзаи Эмомалӣ Раҳмон роҷеъ ба самтҳои афзалиятноки фаъолият дар давраи раёсати Тоҷикистон дар СААД дар соли оянда интизорӣ меравад.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷаласа дабири кулли СААД Николай Бордюжа оид ба ҷараёни иҷрои қарори Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД «Дар бораи кумак ба Тоҷикистон дар таҳкими марзҳои давлатӣ бо Афғонистон» аз 23-юми сентябри соли 2013 маълумот дода, дар ин ҷаласа дар маҷмӯъ баррасии 20 масъала, аз ҷумла вазъи низоми вокуниш ба буҳронҳо дар партваи таҳдидҳои ҷаҳони муосир дар назар буда, ҳамчунин имзои Изҳороти Шӯрои СААД, аснод оид ба такмили ҳамоҳангсозии фаъолият дар сиёсати хориҷӣ дар доираи СААД, рушди ҳамкориҳои низомӣ ва низомиву иқтисодӣ, мубориза бо терроризм, амнияти иттилоотӣ ва омодасозии кадрҳо ба нақша гирифта шудааст.

Қобили зикр аст, ки ба ҳайати СААД давлатҳои Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон шомиланд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.