Боздошти пешвои «Гурӯҳи 24» дар Истамбул

Рӯзи ҷумъаи ҳафтаи сипаришуда, 19-уми декабр дар шаҳри Истамбул пешвои ҳаракати мухолифи «Гурӯҳи 24» Умаралӣ Қувватов боздошт шуд. Дар ин бора роҳбари Анҷумани «Ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ» Надежда Атаева хабар медиҳад . Далели боздошти Қувватовро дар саҳифаи худ адвокати сиёсатмадори тоҷик Николай Николаев низ тасдиқ мекунад. Шаҳрванди Тоҷикистон Умаралӣ Қувватов айни замон дастрасии мақоми […]

ASIA-Plus



Рӯзи ҷумъаи ҳафтаи сипаришуда, 19-уми декабр дар шаҳри Истамбул пешвои ҳаракати мухолифи «Гурӯҳи 24» Умаралӣ Қувватов боздошт шуд. Дар ин бора роҳбари Анҷумани «Ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ» Надежда Атаева


хабар медиҳад


. Далели боздошти Қувватовро дар саҳифаи худ адвокати сиёсатмадори тоҷик


Николай Николаев


низ тасдиқ мекунад.

Шаҳрванди Тоҷикистон Умаралӣ Қувватов айни замон дастрасии мақоми паноҳанда аз Раёсати Комиссари Олии умури гурезагони СММ-ро мунтазир аст.

Прокуратураи генералии Тоҷикистон Умаралӣ Қуввватовроба азхудкунии 6 млн. сомонӣ (беш аз 1,260 млн. $) муттаҳам карда, вале ӯ ин иттиҳомро беасос мехонад.

Анҷумани «Ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ» аз ҳукуматдорони Туркия дархост намудааст, ки муқаррароти Конвенсияи СММ дар бораи мақоми паноҳандагон ва Конвенсия зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шарафро иҷро намуда, меъёрҳои мурофиавии қонунгузории Туркия, аз ҷумла таъмини боздоштшуд бо адвокатро риоя намояд.

Анҷумани «Ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ» маълумот дар бораи боздошти пешвои «Гурӯҳи 24» ва дигар ҳаммаслакони ӯ – Ҳусейн Ашӯров, Суҳроб Тӯраев ва Абдурашид Ҳомидовро ба Вазорати корҳои хориҷии Туркия, дафтари намояндагии Раёсати Комиссари Олии умури пааноҳандагон дар Туркия ва дафтари асосии ин Раёсат дар Женева ва ҳамчунин созмонҳои ҳомии ҳуқуқи Human Rights Watch, Amnesty International ва дигарон ирсол намудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.