БОР ба дастгирии Тоҷикистон дар шароити беқурбшавии рубл омода аст



Бонки осиёгии рушд (БОР) ба дастгирии Тоҷикистон дар шароити таъсири манфии беқурбшавии рубли русӣ ба вазъи иқтисодиву иҷтимоии кишвар омода аст.

«Мо ҳамроҳ бо Хазинаи байнулмилалии асъор бо ҳукумати Тоҷикистон ин масъаларо баррасӣ карда, онро пайгирӣ дорем. Ҳукумати ҷумҳурӣ аз ин тамоил нигарон аст. Агар ҳукумат аз мо кумак дархост намояд, мо Тоҷикистонро дастгирӣ мекунем», – хабар дод ба журналистон намояндаи доимии БОР дар Тоҷикистон Си.Си.Ю.

Ӯ бар ин назар аст, ки беқурбшавии рубл ба бахши иҷтимоиву иқтисодии ҷумҳурӣ «бешубҳа таъсир мерасонад». «Муҳоҷирони тоҷик воситаҳои пулиашонро бо рубл мефиристанд ва агар ин маблағҳо ба доллар баргардонида шаванд, аз пештара дида қариб нисфашон коҳиш меёбанд», – қайд кард вай.

Мутобиқи қурби расмии Бонки марказии Русия, аз оғози соли ҷорӣ қурби рубли русӣ нисбати доллари амрикоӣ қариб ду баробар – аз 32,6 рубл дар оғози сол то ба 56,4 рубл ба санаи 23-юми декабр поин рафтааст.

spot_imgspot_img

Популярное