Мусоҳибаи Ф.Гюлен бо рӯзномаи маъруфи чопи Олмон «Зюддойче цайтунг» (Süddeutsche Zeitung)
Тайи ҳафтаи охир яке аз маъруфтарин ва пурхаридортарин рӯзномаҳои чопи Олмон «Зюддойче цайтунг» бо мутафаккири шинохтаи олами ислом Фатҳуллоҳ Гюлен вобаста ба таҳаввулоти ҷомеаи Туркия мусоҳибае анҷом додааст, ки матнашро ба хонандагон пешниҳод мекунем.
– Ҳукумати Туркия аз Барак Обама талаб дорад, ки шуморо ба Туркия фиристанд. Оё феълан ҳам худро дар Амрико дар амну амон эҳсос мекунед?
– ИМА дар ҳақиқат давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд аст. Дар ин ҷо ҳама гуна муҷозот дар асоси қонун сурат мегирад ва касе аз рӯйи майлу хоҳиши худ каси дигарро ҷазо дода наметавонад. Дар масъалаи дархости раисҷумҳури Туркия бошад, бояд ҳаминро бигӯям, ки ҳеҷ як амали ғайриқонунӣ ва ҳатто иттиҳоме вуҷуд надошт, ки заминаи ҳуқуқии чунин дархостро ташкил диҳад. Ҳамин тавр меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ халалдор мегарданд ва эътибори Туркия дар ҷомеаи ҷаҳонӣ коҳиш меёбад.
– Замоне Ҳизби муҳофизакори исломии Раҷаб Таййиб Эрдуғонро дастгирӣ мекардед. Ҳоло чӣ тағйир ёфтааст?
– Ҳизби Адолат ва Тараққиёт (AKP) дар замони таъсисёбияш ваъда дода буд, ки дар роҳи ҳалли мушкилоти аслии кишвар монанди рушди демократия, риояи ҳуқуқи инсон, аъзогӣ ба Иттиҳоди Аврупо, пешгирии ришваситонӣ, қатъи гурӯҳбандии инсонҳо ба худиву бегона ва пешрафти иқтисод талош хоҳад кард. Дар солҳои аввал воқеан мувофиқи ваъдаҳояш амал намуда, корҳои назаррасе анҷом дод ва аз ин рӯ, Ҳаракати ҷамъиятии «Хизмат» ҳам онро дастгирӣ намуд. Аммо аз соли 2011 сар карда, аниқтараш пас аз он ки дар раъйпурсӣ бори севум интихоб шуданд, ба иҷрои амалҳои зиддидемократӣ даст заданд. Барои мисол, фишор овардан ба ВАО, салоҳияти ниҳоят васеъ додан ба Ташкилоти истихборотӣ, эътибор надодан ба қарорҳои суд, муносибати хушунатомез нисбат ба гирдиҳамоиҳое, ки дар доираи ҳуқуқҳои демократӣ амалӣ шудаанд ва ҳамин гуна мушкилоти зиёде вуҷуд доранд, ки ҳамагӣ нишондиҳандаи заъфи демократия дар кишвар мебошанд. Ва дар ниҳоят Ҳукумат маро ҳамчун душман шинохта, бад-ин васила мехоҳад рӯйи фасодкориҳояшро пӯшонад ва сохтори худкомае бисозад. Вале ҳикмати мардумие ҳаст, ки «чароғи дурӯғгӯ то вақти субҳ месӯзад» («умри дурӯғ кӯтоҳ аст»).
– Дар гузашта ҳамроҳ бо Эрдуғон нуфузи сиёсии низомиёнро дар Туркия коҳиш додед. Магар чунин иқдомоти муштарак дар гузашта монд?
– Гурӯҳҳои сиёсии низомӣ дар гузашта чор дафъа ба сохтори давлатӣ дахолат намуда, ҳукуматҳоеро сарнагун карданд, ки бо роҳи интихобот омада буданд. Дар натиҷа даҳҳо ҳазор нафар мавриди пурсуҷӯйи ҷиноӣ қарор гирифтанд, ба ҳабс гирифта шуданд ва озору шиканҷа диданд. Дар раванди аъзогии Туркия ба Иттиҳоди Аврупо ҳодисоте сар заданд, ки ҳеҷ кас таваққӯъ надошт. Ҳудуди 60 дарсади мардуми кишвар ҳанӯз дар раъйпурсии умумимиллии соли 2010 овоз дода буданд, ки ба Сарқонуни кишвар тағйироту иловаҳо дароварда шавад, то судҳои шаҳрвандӣ имкони ба ҷавобгарӣ кашидани афсарони баландрутбаеро дошта бошанд, ки дар табаддулоти низомӣ нақши фаъол доштанд. Агар мавзӯи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Сарқонун василаи сиёсатбозӣ қарор дода намешуд, эҳтимолан зиёда аз 70 дарсади аҳолӣ онро ҷонибдорӣ мекарданд. Банда ҳам аввалин маротиба дар ҳаётам доир ба сиёсат маслиҳат дода, гуфтам, ки «аҳли қабристон ҳам бояд аз ҷой бархеста, (дар пайи ҷонибдорӣ) раъй диҳанд». Аммо бо коҳиш ёфтани нуфузи низомиён Ҳизби адолат ва тараққиёт зимоми ҳамаи корҳоро ба уҳдаи мақомоти иҷроия гузошта, идораҳои тафтишотиро бекор намуд ва дар натиҷа мустақилияти низоми судӣ аз байн рафта, нуфузи ҳизби ҳоким авҷ гирифт. Мо ҳамон гуна ки замоне ба нуфузи низомиён муқобил будем, имрӯз ба нуфузу худсарии як ҳизб муқобил ҳастем. Аз ин рӯ онҳо моро хоин эълон кардаанд.
– Туркия ба кадом самт майл дорад, ё худ ба куҷо меравад?
– Вақтҳои охир Ҷумҳурии Туркия худро на ҳамчун давлати демокративу дунявӣ ва ҳуқуқбунёд, балки ҳамчун давлати яккаҳизбӣ ва ҳатто чун давлати авторитарӣ-диктаторӣ муаррифӣ карда истодааст. Тақсимоти ҳокимият, агар як қатор судяҳои баландпояро истисно кунем, аз байн рафтааст. Феълан Туркия дар дохил роҳи худкомагиро пеш гирифтааст, дар ҳоле ки дар хориҷ эътибораш коҳиш ёфта, рӯз аз рӯз танҳотар мешавад. Банда аз чунин ҳолати афсурдаи кишварам хеле ғамгинам.
– Эрдуғон эълом доштааст, ки мехоҳад насли диндоре тарбият кунад. Магар шумо низ ҳаминро намехоҳед?
– Тарбияи насли диндор наметавонад вазифаи давлат бошад, зеро дар ин ҳол мумкин аст, ки ба нафарони дигарандеш фикрҳои муайяне талқин карда шаванд. Озодии динӣ аз ҷумлаи ҳуқуқҳои бунёдии инсон аст. Давлат муваззаф аст, ки барои шаҳрвандон сарфи назар аз дину эътиқодашон заминаи омӯзиш ва татбиқи расму одатҳояшонро фароҳам оварад. Мардуми кишвар ҳам аз раисиҷумҳур чунин таваққуъ доранд, ки ҳамчун раҳбари ҳокимияти иҷроия тавассути қонун ҳуқуқи ақалиятҳои диниро дар ҷомеа ҳимоят кунад. Аммо то куҷо чунин шароит фароҳам оварда шудааст, дар ин бора метавон баҳс намуд. Шахси диндор дар масълаи ҳақ ва адолат ҳам набояд гузашт кунад. Ба ин маънӣ насли диндоре орзу дорам. Аммо мақсад аз тарбияи насли диндор агар тарбияи касоне бошад, ки арзишҳои динии худро надониста, дар ҷомеа тафриқаандозӣ кунанд ва кину нафратро ба ҳар тараф паҳн намоянд, дар ин ҳолат посух мушаххас аст: Ман тарбияи чунин наслеро намехоҳам!
– Рӯзҳои наздик дар панҷ рӯзномаи бузурги америкоӣ баёнияи шумо бар зидди Давлати Исломии Ироқу Шом (ДИИШ) ба нашр расида буд. Ба андешаи шумо ДИИШ чӣ қадар хатар дорад?
– Дар таърихи ислом ҳамеша ёфт мешуданд гурӯҳҳои мутаассибе, ки нисбат ба ҷамъиятҳои дигар фишор меоранд, инсонҳоро ба қатл мерасонанд ва бад-ин васила ба дини худ хиёнат мекунанд. Яке аз охирини ин гурӯҳҳо Ал-қоида буд ва ҳоло ДИИШ сар задааст. Ҳаминаш намерасид. ДИИШ исломро бадном мекунад. Амалкарди онҳо аз як ваҳшигарие иборат аст. Ҳар касе ки андешаҳои зидди исломӣ дошта бошад, дар пайи амалкарди инҳо худро ҳақ меҳисобад. Ин ҳолат хоби инсонро мепаронад. Мутаассифона, олами ислом дар муқобили чунин қазия мавқеи чандон равшану мушаххасе баён накард. Инро дар ҳаққи олимони Маккаву Мадина ҳам гуфтан мумкин аст, дар ҳаққи олимони Мисру Туркия ҳам.
– Магар шумо эътирози бештаре таваққӯъ доштед?
– Мутаассифона, эътирозҳо ба ҳадди кофӣ набуданд. Ҳамчунин гуфта мешавад, ки ДИИШ аз хориҷ бо силоҳу аслиҳа ва дигар васоили омодагӣ таъмин карда мешавад ва агар ин гуфтаҳо рост бошанд, дар он сурат сулҳи байналмилал ва ояндаи ислом зери хатари ҷиддӣ қарор дорад.
– Оё ҷангиёни ДИИШ мусулмонанд?
– Онҳо мутеъи гурӯҳҳои ҷаҳолатпешаанд. Дар Аврупо чунин гурӯҳҳоро хуб мешиносанд, зеро дар он ҷо якчанд девонамиҷозе инсонҳои бегуноҳро ғарқи хун карданд. Ҷангиёни ДИИШ ҳам афроди ҷаҳолатпешаанд ва аз дини худ андаке бошад ҳам огоҳӣ надоранд. «Ҷанги муқаддасе», ки онҳо бофтаанд, танҳо аз ваҳшонияте иборат аст.
– Ҷавононро аз чунин ваҳшоният чӣ гуна нигоҳ бояд дошт?
– Ба ҷавонон роҳи дурустро нишон бояд дод. Зарур аст, ки онҳо тавассути семинару конфронҳо огоҳ гардонида шаванд. Ҳамчунин кишварҳое, ки ҷавононашон ба хориҷ сафар мекунанд, бояд дар ин робита масъулият эҳсос намоянд.
– Ба сиёсатмадорони турк чӣ маслиҳат медиҳед?
– Ҳеҷ маслиҳате намедиҳам. Онҳо ба ҳарфи ман гӯш намедиҳанд. Аслан ҷаҳонбинии хеле васеъ доранд ва худашон ҳама чиро медонанд.
– Қасри нави Эрдуғонро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
– Ҳар як давлат барои муаррифӣ намудани худ ба бунёди биноҳо эҳтиёҷ дорад. Аммо ба ҷойи қасри ҳазорҳуҷрагӣ мумкин буд, ки биноҳои мавҷуда васеътар кунонида шаванд. Агар сарвазир монеъ намешуд, суд бунёди ин қасрро манъ мекард. Чунин иқдомот ҳисси эҳтироми шаҳрвандонро нисбат ба қонун ва адолат халалдор мекунад. Бунёди бузургтарин иморатҳои давлати Усмонӣ ба замони пошхӯрии ин давлат рост меояд. Дар дунёи имрӯза маҳалли кории бисёре аз сарони давлатҳо биноҳои чандон боҳашамате нест. Дар ҳамин ҳол бунёди чунин қасре ба обрӯи Туркия латма зад. Зиёда аз 60 дарсади мардуми турк бар онанд, ки ин як исрофкорӣ аст. Аммо аз зовияи дин исроф, ки ҳаром аст, сохтмони ин иморат ҳам ҳаром аст.
– Эрдуғон даъво дорад, ки ҷонибдорони Ҳаракати ҷамъиятии «Хизмат» ба сохтори адлия ва пулис пинҳонӣ роҳ ёфтаанд.
– Шаҳрвандони як кишвар ба мақомоти давлати худ пинҳонӣ роҳ намеёбанд, балки ба кор медароянд ва хизмат мекунанд. Дар ҳолати ҷавобгӯ будан ба як қатор шартҳои муайян ҳар касе метавонад маъмури давлатӣ бошад. Аммо аҷаб нест, ки омили нигаронии Ҳукумат ба онҳо байат накардани маъмурон бошад. Дар низоми мавҷуда на танҳо дӯстдорони Ҳаракати ҷамъиятии «Хизмат», балки тамоми касоне, ки аз мавқеи Ҳуқумат андешаи фарқкунандае доранд, бо қасди он ки гӯё ба мақомот пинҳонӣ роҳ ёфтааст, омили зиёновар мепиндоранд. Инро ба таъбири аврупоиҳо «шикори албастиҳо» («охота на ведьм») мегӯянд.
– Ҳазорҳо маъмурони давлатӣ аз мансабу ҷойи кори худ маҳрум шуданд. Аз ин миён чӣ қадарашон ба Ҳаракати ҷамъиятии «Хизмат» мансубият доштанд?
– Касонеро, ки ба ин Ҳаракат мансубият доранд, ҳатто даҳ дарсадашонро ҳам намешиносам. Вақт нишон медиҳад, ки аксарияти он судяҳо, маъмурони пулис ва муаллимони муассисоти таълимӣ ба мо ҳеҷ муносибату мансубияте надоранд. Гумон мекунам, ки чунин бардоштро бо ду ният роҳандозӣ мекунанд. Якум, сафи бешумори инсонро ҳамчун ҷонибдори Ҳаракати ҷамъиятии «Хизмат» нишон дода, мехоҳанд «Хизмат»-ро унсури таҳдидкунанда вонамуд кунанд. Дувум, ҳар касеро, ки бо худи онҳо ҳамфикр нест, аз кор биронанд. Дар рӯзҳои охир мансабдори баландпояе аз Ҳизби адолат ва тараққиёт ҳам ин гуфтаҳоро эътироф кард.
– Гуфта мешавад, ки маъмурони мазкур дар ҳаққи фарзандони вазирон ва соҳибкорони ҷонибдори Ҳукумат далелҳои ошкоркунандаи фасод ҷамъоварӣ намудаанд. Шумо доир ба чунин иддаои фасод чӣ мегӯед?
– Бо сабаби амал накардани талаботи қонун касе натавонист ҳақиқати ҳолро бифаҳмад. Агар чунин айбдоркуниҳо дар Ғарб сурат мегирифт, Ҳукумат истеъфо дода, аз байн мерафт. Дар ҳоле ки Анқара ин парвандаро ҳамчун тавтеаи байналмилалӣ қаламдод намуд, тавре ки режимҳои авторитарӣ-диктаторӣ мекунанд.
– Оё ҳаракати ҷамъиятии «Хизмат» эътиборашро аз даст дод?
– Дар натиҷаи таблиғот ва ташвиқоте, ки Ҳукумат тавассути расонаҳои хабарии зердасташ роҳандозӣ намуд, мумкин аст бардошти мардум нисбат ба Ҳаракати «Хизмат» як андоза халал дида бошад. Мардумро дар хусуси нафиристодани фарзандҳояшон ба мактабҳои мо ва кумаки хайриявӣ накардан ба ин муассисаҳо таҳдид карданд. Таъсире, ки дар пайи чунин ташвиқоти бардурӯғ дар ҷомеа ба вуҷуд омад, фардо бо ошкор шудани ҳарфу иддаои дурӯғгӯён, албатта, баръакси мақсадашон натиҷа медиҳад.
– Ҳукумат қасд дорад, тамоми мактабҳоеро, ки бо тавсияи шумо таъсис ёфтаанд, дар Туркия бандад.
– Ин мактабҳо то имрӯз бисёр қадрдонӣ шуданд ва мукофот ҳам гирифтанд. Аз ин рӯ, агар Туркия давлати ҳуқуқбунёд бошад, гумон намекунем, ки нисбат ба ин мактабҳо чорае роҳандозӣ гардад. Дар акси ҳол худи давлат зарар мебинад.
– Вақтҳои охир Ҳукумати Анқара талош дорад, ки муассисаҳои таълимии Ҳаракати ҷамъиятии «Хизмат» дар давлатҳои Осиёи Миёна баста шаванд. Дар бора Шумо чӣ назар доред?
– Ҳукумати Туркия дар ҳар минтақае омили нигаронкунандае мавҷуд бошад, онро дар ростои мақсади худ истифода мекунад. Масалан, дар қаламрави собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ Ҳукумат моро ҳамчун ҷосусони Амрико муаррифӣ кардан мехоҳад, дар сурате ки ба худи Амрико мегӯяд, инҳо гурӯҳи таассубгарои диниянд. Ҳамчунин ба дигар мамлакатҳои мусулмонӣ мегӯяд, ки инҳо мехоҳанд фарзандони шуморо бедин кунанд ва ин қабил тӯҳматҳои зидду нақизро ба мо бастанӣ мешаванд. Ҳамин тавр Ҳукумат ҳар роҳеро, ки ба манфиати худаш созгор аст, ба кор мебарад. Аммо дар натиҷаи чунин амалкард танҳо пайраҳаҳои дӯстӣ миёни Туркия ва халқҳои дигар вайрон гардида, муносибатҳои байнидавлатӣ халадор мегарданд. Бад-ин васила як девонаавзоии (параноя) маҳаллӣ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мавриди намоиш қарор дода мешавад.
– Яке аз сафирони собиқи ИМА дар вақташ шуморо ҳамчун «дувумин шахсияти бонуфуз дар Туркия» тавсиф намуда буд. Нигоҳи шумо ба шахсияти худ чӣ гуна аст?
– Ҳамаи касоне, ки бандаро аз дур ё наздик мешиносанд, медонанд, ки шӯҳратмандӣ, маъруфият ва шинохта буданро дар ҳеҷ як бахши зиндагиям нахостаам. Ҳеҷ гоҳ ин омилро дар роҳи ба даст овардани манфиати шахсии моддиву маънавие ба кор набурдаам. Ҳаёти 76-солаам шоҳиди ин гуфтаҳоянд. Агар Ҳаракати ҷамъиятии «Хизмат» кору амали сазовори таҳсине анҷом дода бошад, инро аз нигоҳи сабабҳо ба дилдодагони ин Ҳаракат нисбат бояд дод.
– Оё фаъолияти Ҳаракати ҷамъиятии «Хизмат» пас аз Фатҳуллоҳ Гюлен идома ёфта метавонад?
– Фаъолияти моро ҳатто инсонҳое дастгирӣ карданд, ки бо мо як дарсади ҳамфикрӣ ҳам надоштанд. Дар ин ҳол фикри муштарак дар миёнамон танҳо арзишҳои умумибашарӣ буданд. Дар қитъаи Африқо ба мактабу беморхонаҳоямон касоне ҳам кӯмаки молӣ расониданд, ки онҳоро ҳеҷ гоҳ намешинохтам. Инҳо афроди сарватмандоне буданд, ки мо аз онҳо ҳеҷ таваққӯе надоштем. Банда ҳар шаб пеш аз хоб андеша мекунам, ки мумкин аст, дигар барнахезам. Аммо дар хусуси ояндаи Ҳаракати «Хизмат» заррае шубҳа надорам.
– Нияти ба Туркия бозгаштанро доред?
– Ватанамро бениҳоят пазмон шудаам, зеро инсони ҳассосам. Дар Туркия ёру пайвандонам ҳастанд. Охир ман ҳам одамизодам. Дар рӯзҳои наздик бародарам вафот кард ва маннатавонистам дар маросими ҷанозааш ширкат кунам. Қабл аз ин дар ҷанозаи яке аз пайвандони дигарам низ буда натавонистам. Шаст соли ҳаётам дар Туркия гузаштааст. Ҳамчун инсони ҳиссиётпарваре бо макону ашё низ алоқамандии қавие дорам. Деҳаамон, оромгоҳи волидайн ва бобову бибиям, зодгоҳам, ки дар ҳар гӯшааш садҳо хотироте дорам ва китобҳоям вақте пеши назар меоянд, ашки чашмонамро дошта наметавонам. Вале дар сурати рафтан мумкин аст, ки баъзе мақомдорони баландпоя бозгаштамро воҳима карда, барои амалӣ сохтани ниятҳои бадашон истифода намояд.
– Оё эҳтимоли созишатон бо Эрдуғон вуҷуд дорад?
– Ин моҷароро мо оғоз накардем. Аз ин рӯ иқдоми созиш ҳам бояд аз ҷониби Ҳукумат сурат бигирад. Агар Эрдуғон рӯзе бигӯяд, ҳамаи суханҳое, ки дар ҷамъомадҳо гуфтем, аз тӯҳмату дурӯғ иборат буданд, он гоҳ ман ҳам ба созиш розӣ мешавам.



