Нақшаи ҷамъоварии андоз дар Қӯрғонтеппа 115% иҷро шуд

Нақшаи ҷамъоварии андоз дар шаҳри Қӯрғонтеппа 115% ба иҷро расид. Бино ба иттилои як манбаъ аз мақомоти шаҳрдорӣ, дар зарфи 11 моҳи соли равон бидуни назардошти фонди нафақа ба мақомоти андоз ҷамъоварии 117 млн. 139 ҳазору маблағи андоз муяссар гардидааст, ки аз нақшаи пешбинишуда 15,5 млн. сомонӣ зиёдтар аст. Қисмати даромади буҷети шаҳр бидуни назардошти […]

Сайраҳмон Назриев



Нақшаи ҷамъоварии андоз дар шаҳри Қӯрғонтеппа 115% ба иҷро расид.

Бино ба иттилои як манбаъ аз мақомоти шаҳрдорӣ, дар зарфи 11 моҳи соли равон бидуни назардошти фонди нафақа ба мақомоти андоз ҷамъоварии 117 млн. 139 ҳазору маблағи андоз муяссар гардидааст, ки аз нақшаи пешбинишуда 15,5 млн. сомонӣ зиёдтар аст.

Қисмати даромади буҷети шаҳр бидуни назардошти фонди нафақа ба андозаи 73,9% иҷро шудааст, ки аз нақша 13 млн. 205 ҳазор сомонӣ зиёдтар ва 122%-ро ташкил медиҳад.

Бо назардошти тағйироту илова қисмати хароҷоти буҷет дар ин давра ба андозаи 102% ба иҷро расидааст. Маблағи хароҷоти буҷет бо назардошти воситаҳои озоди он 57 млн. 90 ҳазор сомониро ташкил додааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 21,6 млн. сомонӣ бештар мебошад.  

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.

Боздошти як хушдоман бо гумони ба марг расонидани келинаш

ВКД мегӯяд, келини ҷавон ба ҷабру зулми хушдоманаш тоб наоварда, худро ба дарёи “Зарафшон” партофта, ҷон бохтааст.

Парвоз миёни Машҳад ва Душанбе бекор шудааст

Қарор буд пас аз ҷанг дар Ҷумҳурии Исломӣ, 24-уми апрел парвоз байни Эрону Тоҷикистон барқарор шавад,

Дар радабандии ҷаҳонии интернети ноқилӣ Тоҷикистон чаҳор зина боло рафт

Ин нишондиҳандаи беҳтарини кишвар тайи панҷ соли ахир аст.