Гумонбарии директори бозори «Ином» ба оташзании бозори худ

Директори бозори «Ином»-и ноҳияи Шаҳритӯс Бурҳон Абдуллоев, ки дар робита ба муноқишааш бо додарарӯси президент Муҳибулло Саъдуллоев дар расонаҳо маъруф шуд, ба гумони оташзании бозори худаш боздошт шуд. Санавбар Абдуллоева, ҳамсари Бурҳон Абдуллоев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки аз 19-уми декабр ҳамсари ӯ дар Раёсати ВКД Хатлон қарор дошта, ӯ гӯё ба […]

Мавзуна Абдуллоева



Директори бозори «Ином»-и ноҳияи Шаҳритӯс Бурҳон Абдуллоев, ки дар робита ба муноқишааш бо додарарӯси президент Муҳибулло Саъдуллоев дар расонаҳо маъруф шуд, ба гумони оташзании бозори худаш боздошт шуд.

Санавбар Абдуллоева, ҳамсари Бурҳон Абдуллоев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки аз 19-уми декабр ҳамсари ӯ дар Раёсати ВКД Хатлон қарор дошта, ӯ гӯё ба «фармоиш» додани оташзании бозори «Ином» ба ду ҷавон, ки минбаъд бо далели шайъӣ – шишаҳои бензин боздошт шудаанд, гумонбар дониста мешавад. «Ҳамсари маро дидаву дониста боздошт карданд, то ки мо бобати қарори беадолатонаи суд дигар ба ҳеҷ куҷо муроҷиат накарда, саҳми худро дар бозор талаб накунем», – гуфт ӯ.

Ба гуфтаи ин зан, субҳи рӯзи 19-уми декабр ӯ бо ҳамсари худ ба Душанбе омада, ҳамроҳи адвокат дар бинои Суди олӣ қарор доштаанд. «Ҳамсарам ним соат барвақттар аз бинои суд ба берун баромада, бедарак шуд. Баъдтар писарам аз Шаҳритӯс занг зада, изҳор намуд, ки ба ӯ аз шуъбаи корҳои дохилии ноҳия занг зада, хабар додаанд, ки падарашонро накобанд, зеро ӯ дар Раёсати ВКД Хатлон аст», – иброз дошт С.Абдуллоева.

Қаблан Санавбар Абдуллоева бо мактуби кушод ба раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсид Убайдуллоев муроҷиат карда, дархост намуда буд, ки дар робита ба ғасби ғайриқонунии бозори «Ином» адолатро барқарор намуда, барои ин комиссияи махсус таъсис дода шавад. Абдуллоева умедвор аст, ки бо ёрии комиссия саҳмияҳои бозор баробар миёни оилаҳои Абдуллоевҳо ва Саъдуллоевҳо тақсим карда мешавад.

Ӯ ҳамчунин зикр кард, ки агар қарори Суди олӣ низ ғайриқаонатбахш содир гардад, пас «мо мушкилотро ба баррасии барномаи «Пусть говорят»-и шабакаи телевизионии ОРТ-и Русия пешниҳод мекунем».

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.

Боздошти як хушдоман бо гумони ба марг расонидани келинаш

ВКД мегӯяд, келини ҷавон ба ҷабру зулми хушдоманаш тоб наоварда, худро ба дарёи “Зарафшон” партофта, ҷон бохтааст.