Раиси пойтахт бори дигар ба мушкилоти нақлиёт ва санитария ишора кард

Дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи кории шаҳрдорӣ сурат гирифт. Бино ба иттилои дафьари матбуоти мақомоти шаҳрдории Душанбе, дар ҷаласа аз ҷониби Маҳмадсаид Убайдуллоев масоили хоҷагидории шаҳр, қабл аз ҳама ҳолати хизматрасонии нақлиёти мусофиркашонии ҷамъиятӣ, вазъи санитарию экологӣ, ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ ва ҷараёни ҳамарӯза аз 21 то 31 декабри соли […]



Дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи кории шаҳрдорӣ сурат гирифт.

Бино ба иттилои дафьари матбуоти мақомоти шаҳрдории Душанбе, дар ҷаласа аз ҷониби Маҳмадсаид Убайдуллоев масоили хоҷагидории шаҳр, қабл аз ҳама ҳолати хизматрасонии нақлиёти мусофиркашонии ҷамъиятӣ, вазъи санитарию экологӣ, ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ ва ҷараёни ҳамарӯза аз 21 то 31 декабри соли 2014 аз соати 9-00 дар Муассисаи давлатии «Маҷмааи савдои Пойтахт -90» аз ҳисоби Корхонаҳои воҳиди давлатии «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе», «Бозори Шоҳмансур», «Бозори  Саховат», «Бозори Деҳқон», «Бозори Қарияи боло» ва бозорҳои хусусии яклухтфурӯшии дар қаламрави шаҳр фаъолиятдошта баргузории ярмаркаи маҳсулоти ниёзи аввалия, назорати ҳолати зимистонгузаронӣ, пеш аз ҳама дар муассисаҳои соҳаи иҷтимоӣ ва иҷрои нақшаҳои ҷамъоварии андоз ва буҷети шаҳр дар соли сипаришаванда мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар иртибот ба масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ аз ҷониби шаҳрдор ба масъулин дастуру супоришҳо бо муқаррар кардани муҳлати иҷрои босифати онҳо дода шуданд.

Илова бар он, баҳри шаффофияти ҳолати татбиқи лоиҳаҳои сохтмонӣ аз ҷониби шахсони воқеию ҳуқуқӣ ва пешгирӣ аз сохтакориҳо дар нишондодҳои омории арзишу  ҳаҷми корҳои сохтмонии анҷомгирифта ва ба ин васила паст кардани ҳаҷми пардохтҳои андозӣ, мақомоти марбутаи ҳифзи ҳуқуқи шаҳрро муваззаф сохт, ки санадҳои мавҷудаи Комиссияҳои давлатии қабули иншоотро аз ин нигоҳ мавриди санҷиш қарор диҳанд.

Гузашта аз ин,  дар ҷаласа ҳолати идоракунию  мақсаднок истифодабарии иншооти моликияти коммуналӣ, фаъолияти корхонаҳои воҳиди давлатӣ, ки муассисашон Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе мебошад,  ба риштаи таҳлил кашида шуд.

Вобаста ба ин Маҳмадсаид Убайдуллоев ба  директорони корхонаҳои воҳиди давлатӣ, ки тибқи оинномаашон сохтори тиҷоратӣ маҳсуб  меёбанд ва пардохти маоши кормандонашон ба ҳеҷ ваҷҳ аз ҳисоби буҷети шаҳр пешбинӣ намегардад, дастур дод, ки дар доираи салоҳият ва масъулияти роҳбарияшон ҷиҳати фаъолияти муназзам ва бо маош таъмин кардани кормандонашон чораҳои зарурӣ андешанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.