Раёсат дар СААД ба зиммаи Тоҷикистон вогузор мегардад

Рӯзи 22-юми декабр дар шаҳри Маскав ҷаласаи муштараки Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ, Шӯрои вазирони мудофиа ва Кумитаи котибони шӯроҳои амнияти кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) баргузор шуд. Бино ба иттилои котиби матбуотии СААД Владимир Зайнетдинов, дар ҷаласа доира ба вазъ дар минтақаи таҳти масъулияти СААД қарордошта дабири кулли Созмон Николай Бордюжа маълумот дод. […]



Рӯзи 22-юми декабр дар шаҳри Маскав ҷаласаи муштараки Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ, Шӯрои вазирони мудофиа ва Кумитаи котибони шӯроҳои амнияти кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) баргузор шуд.

Бино ба иттилои котиби матбуотии СААД Владимир Зайнетдинов, дар ҷаласа доира ба вазъ дар минтақаи таҳти масъулияти СААД қарордошта дабири кулли Созмон Николай Бордюжа маълумот дод. Ҳамчунин лоиҳаи изҳороти сарони кишварҳои узви СААД ва як қатор санадҳои омодашуда ба баррасии иҷлосияи Шӯрои СААД баррасӣ шуданд.

Зикр мегардад, ки дар ин ҷаласа ҳамчунин атрофи вазъи низоми вокуниш ба буҳронҳо дар партваи таҳдидҳои ҷаҳони муосир, масоили такмили ҳамоҳангсозии фаъолият дар сиёсати хориҷӣ дар доираи СААД, рушди ҳамкориҳои низомӣ ва низомиву иқтисодӣ, мубориза бо терроризм, амнияти иттилоотӣ ва омодасозии кадрҳо табодули назар сурат гирифт.

Дабири кулли СААД гузориши солона дар бораи фаъолияти созмонро пешкаш кард. Ҷониби Тоҷикистон, ки раёсат дар созмонро ба зимма гирифт, афзалиятҳои худ дар самти фаъолияти СААД дар соли 2015-ро ба баррасӣ пешниҳод намуд.

Дар ин ҷаласаи муштарак Тоҷикистонро вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Аслов, вазири мудофиа Шералӣ Мирзо ва котиби Шӯрои амнияти ҷумҳурӣ Абдураҳим Қаҳҳоров намояндагӣ карданд.

Қобили зикр аст, ки ба ҳайати СААД давлатҳои Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон шомиланд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.