Анҷоми муҳлати ваколатҳои роҳбари намояндагии UNODC дар Тоҷикистон

Санаи 22 декабри соли 2014 мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ бо роҳбари Дафтари барномавии Намояндагии минтақавии UNODC барои Осиёи Марказӣ Алӣ Саряздӣ, ки муҳлати фаъолияташ дар Тоҷикистон ба итмом мерасад, баргузор гардид. Бино ба маълумоти департаменти иттилооти ВКХ ҶТ, дар рафти мулоқот Алӣ Саряздӣ аз фаъолияташ дар Тоҷикистон, аз ҷумла дар бахши […]

ASIA-Plus



Санаи 22 декабри соли 2014 мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ бо роҳбари Дафтари барномавии Намояндагии минтақавии UNODC барои Осиёи Марказӣ Алӣ Саряздӣ, ки муҳлати фаъолияташ дар Тоҷикистон ба итмом мерасад, баргузор гардид.

Бино ба маълумоти департаменти иттилооти ВКХ ҶТ, дар рафти мулоқот Алӣ Саряздӣ аз фаъолияташ дар Тоҷикистон, аз ҷумла дар бахши татбиқи барнома ва лоиҳаҳо оид ба мубориза бар зидди қочоқи маводи мухаддир, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ва пулшӯӣ ёдовар шуд.

Гуфта мешавад, муовини вазири корҳои хориҷӣ Низомиддин Зоҳидӣ ба Алӣ Саряздӣ барои фаъолияташ ҷиҳати саҳмгузорӣ дар мубориза бо маводи мухаддир, инчунин мусоидати Дафтари барномавии UNODC ба сохторҳои марбутаи кишвар изҳори миннатдорӣ карда, ба ӯ дар фаъолияти минбаъдааш муваффақият хост.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.